Яман маркази низомии Ёфоро бо мушак ҳадаф қарор дод
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Маркази низомӣ дар Ёфоро бо мушаки мофақи савти “Фаластин-2” ҳадаф қарор додем”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки артиши Яман як мақарри низомии режими саҳюнистиро дар Ёфо бо мушаки мофавқи савти “Фаластин-2” ҳадаф қарор додааст.
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз (сешанбе) аз ҳамлаи мушакӣ ба як ҳадафи низомии мутаъаллиқ ба режими саҳюнистӣ дар Ёфои ишғолӣ хабар дод.
Сареъ гуфт, ки ин ҳамла бо мушаки фаросавти “Фаластин-2” анҷом шудааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо баёни ин ки ин ҳамла дар ростои ҳимоят аз миллати Фаластин ва посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ сурат гирифтааст, гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман барои муқобила бо таҷовузоти Омрико, Исроил ва Ангилис дар ниҳояти омодагӣ қарор дорад.”
Вай таъкид кард, ки то замони таваққуфи ҷанги Ғазза ва шикасти муҳосираи он, амалиётҳои Яман идома хоҳад дошт; амалиётҳое, ки дар ростои анҷоми вазифаи динӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ дар қиболи миллати Фаластин аст.
Қаламонлайн