Афзоиши назарраси буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2026
Ахбори минтақа
Ҳукумати Тоҷикистон буҷаи давлатии кишварро барои соли 2026 бо ҳаҷми умумии 65 миллиард сомонӣ тасдиқ мекунад. Тибқи иттилои расмӣ, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо буҷаи тасдиқшудаи соли 2025 тақрибан 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 дарсад бештар аст.
Маблағи буҷаи соли 2026 муодили 33,3 дарсад аз ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилии нохолис (МДН) кишварро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мақомоти молиявӣ, афзоиши буҷа бар пояи тавсеаи манбаъҳои даромад, беҳтарсозии идоракунии андоз ва рушди бахшҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ асос ёфтааст.
Бар асоси нақшаи ҳукумат, 29,5 миллиард сомонӣ аз буҷа барои таъмини молии бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, равона мегардад. Ин маблағ 44 дарсад аз хароҷоти умумии буҷет ва тақрибан 15,1 дарсад аз МДН-и кишварро дар бар мегирад.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки афзоиши назарраси буҷа метавонад имкониятҳои давлатро барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавсеа бахшад, аммо ҳамзамон ниёз ба идоракунии самаранок ва шаффофи маблағҳои буҷавӣ низ бештар мегардад.
Ҳукумати кишвар изҳор доштааст, ки татбиқи буҷаи соли 2026 дар доираи сиёсати молиявии устувор ва бо ҳадафи таъмини рушди мувозини иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ хоҳад шуд.
qalamonline.net
Қаламонлайн












