Инфиҷор ва ожири хатар дар шаҳри Илот дар Исроил

 

Инфиҷор ва ожири хатар дар шаҳри Илот дар Исроил

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Ҳамзамон бо шунида шудани садои чанд инфиҷор дар шаҳри ишғолии Илот дар Исроил, ожири хатар дар ин шаҳр ба садо даромад.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира, артиши режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (панҷшнба, 22 феврал) ожири хатарро дар шаҳри ишғолии Илот ва атрофи он дар ҷануби Исроил ба садо даровард ва дар бораи таҳдидоти ҳавоӣ ҳушдор дод.

Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши режими ишғолгари Исроил муддаӣ шуд, ки як “шайъи машкук”-ро ҳангоми ҳаракат ба самти Исроил бар фарози баҳри Сурх раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст.

Ин расонаҳо тасовиреро мунташир карданд, ки ба иддаои онҳо, лаҳзаи раҳгирии як мушак дар осмони бандари Илот дар ҷануби Исроил ва шунида шудани садои ожири хатар дар ин шаҳрро нишон медиҳад.

Пас аз оғози набарди “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-уми октябр бандари ишғолии Илот то кунун чандин бор аз сӯйи нерӯҳои яманӣ ва муқовамати исломии Ироқ барои эъломи ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ҳадаф қарор гирифтааст.

Mehrnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нахуствазири Яман: “Санъо дар хатти муқаддами ҳимоят аз Ғазза аст, коре бо Омрико, Чин ва Русия надорем”
Ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ба 13 мавзеи артиши Исроил

Матолиби пурбоздид