Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон

Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Бар асоси омор ва гузоришоти расида, содироти барқи кишвар 32 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Тоҷикистон дар 2 моҳи имсол, ба мизони 6 миллиону 800 ҳазор доллар барқ содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи феврали имсол нисбат ба моҳи қабл ҳудуди 42 дарсад коҳиш дошта ва аз 4 миллиону 300 ҳазор доллар дар январ ба 2 миллиону 500 ҳазор доллар расидааст.

Бар асоси гузориши Идораи омори Тоҷикистон, дар соли 2022 беш аз 106 миллион доллар барқ содир шудааст, ки 10.6 дарсад бештар аз соли 2021 аст.

Бар асоси қарордодҳои имзошуда, барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар баҳору тобистон (май то август), низ ба Узбекистон содир мешавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Китоб ва мушкилоти ҷомеа
Дидори вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Эрон

Матолиби пурбоздид