Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хатти кириллӣ

UncategorizedФарҳанг
Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хатти кириллӣ
Адаш Истад
1. Мардуми тоҷик аз мероси адабиёти ҳазорсолаи худ, ки бо ин хат эҷод шуда буданд, ҷудо шуд. Дар 70 соли шӯравӣ танҳо қисме аз он мероси бузург ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид. Мардуми тоҷики Осиёи Марказӣ аз дастовардҳои фарҳангие, ки минбаъд дар кишварҳои дигари форсизабон Эрону Афғонистон ба вуҷуд меомаданд, ҷудо шуданд. Эрон ҳар навоварии илмиву техникие, ки дар Ғарб пайдо мешуд, зуд тарҷимаву нашр мекард ва хонандаи тоҷик аз ҳамаи ин маҳрум гардида буд. Тоҷикон ба умеди он монданд, ки кай русҳо аз забонҳои аврупоӣ баргардон меунанд. Русҳо бошанд, аксар дер ба чунин кор иқдом менамуданд, чун монеъаҳои идеологӣ буданд.
Ман ба Эрон рафта дидам, ки онҳо ҳама асбобҳое, ки дар Ғарб ҳаст, дар корхонаҳои худ месозанд, аз компютер то ракетаҳо!
Мо тоҷикон то ҳол дучарха сохта набаровардаем. Акнун фаҳмидед, ки ивази хат чӣ қадар зарар доштааст?
2. Ҳар як хату алифбо тасвири овозҳои забони модарӣ ба рӯи қоғаз аст, на худи овоз. Шеъри адабиёти мо ба вазни арӯз асос ёфтааст. Яъне дар хати форсӣ дарозу кӯтоҳии овозҳо ифода меёфт, бо кириллӣ шудани хат ин сифати он гум шуд. Шоирони тоҷик баъди навиштани шеър ба тақтеъ кардани он як навъ оҳангро ноил мешуданд. Аммо на ҳама арӯзро медонистанд.
Дар Эрон нашри ашъори намояндаҳои адабиёти тоҷикро мехостанд, аммо он чӣ адибони мо дар вазн раво медонистанд, ба назари онҳо хато буд, чун мо аз арӯз дур шуда будем ва азбаски ба хати форсӣ на ҳама калимаҳои ҳамоҳанг қофия мешавад, боз мушкиилоти дигар зам мекард.
Ба забони форсӣ дар ҳазору чорсад соли давраи мусулмонӣ бисёр калимаҳои арабӣ дохил шудаанд, ки як ҳолати табиист. Забони арабӣ ду ё сесад сол дар марзи Осиёи Марказӣ забони илму адабиёт ва коргузорӣ буд. Маънои вожаҳои арабиро ҳамон вақт дақиқ мефаҳмед, ки бо кадом шакл ҳарфи тэ ё сэ (син) ё зэ ё золро навиштаанд.
Ҳарфи айн, ки дар вожаи арабӣ бисёр дучор мешавад, дар хати кириллӣ ба аломати сакта бадал шуд ва баъзан ҳазф гардид, агар дар авали калима бошад.
Магар аломати сакта ҷойи ҳарфи айнро гирифта метавонад?
3. Бо кириллӣ шудани хатамон хушнависӣ, ки як шохаи наққошист, аз байн рафт. Ҳоло равоншиносон исбот кардаанд, ки ҳунари хушнависӣ ба ривоҷи хулқи накӯ мусоидат намуда ақлро ривоҷ медиҳад ва умрро дароз мекунад.
Дар Ҷопону Чину Куриё мушкилтарин хат – иероглифҳост. Теъдоди онҳо 85 ҳазору 868-то будааст. Ҳама инро дар ёд нигоҳ доштан заҳмати азимест. Азбаски онҳо ба ривоҷи фикрӣ хизмат мекунанд, каллиграфияи миллӣ ҳисоб меёбанд, ин кишварҳо ҳеҷ гоҳ ба хати лотин гузаштанӣ нестанд!
Ҳар як чинӣ, ҷапонӣ ё куриёӣ аз ин миқдори азими иероглифҳо барои босавод шудан камаш панҷоҳ ҳазор иероглифро бояд дар хотир нигоҳ дорад. Талабаҳо дар мактабҳо солҳои зиёд вақти худро ба иероглифомӯзӣ сарф мекунанд, зеро медонанд, ки ин хат ба инсони комил шуданашон хизмат мекунад. Мо бошем дар омӯхтани 32 ҳарфи форсӣ мелангем. Ин танҳо нишонаи танбалист. Инглисиро бо шавқ меомӯзем, зеро забони бузурги илму адаб аст, мақоми ҷаҳонӣ дораду барои ҷои кори серпул ёфтан зарур аст. Дар инглисӣ навистан ба тариқи асри миёна аст, аммо талаффуз ба тариқи асри бист. Баъд як калима дар инглисӣ ба маъноҳои гуногун меояд. Омӯхтани форсӣ нисбат ба инглисӣ ба маротиб осонтар аст. Дар замони компютерҳо баргардони хатро аз форсӣ ба кириллӣ ё аз як забон ба дигар забон бо компютер ва смартфон кардан мумкин.
Дар хати форсӣ на ҳама овозҳои кӯтаҳ навишта мешаванд, онҳоро фикр карда байни ҳарфҳо гузошта маъно баровардан лозим. Яъне вақти хондани матни форсӣ мағзи инсон гӯё доим дар тамрин аст ва ин фикррониро ривоҷ медиҳад. Ба хати форсӣ ягон нодону ахмақ саводнок шуда наметавонад.
Он бесаводоне, ки дар курсии мансаб нишастаанд, аз ҳамин метарсанд ва бар сари тарафдорони хати форсӣ ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон бор мекунанд, аз қабили он ки гӯё инҳо эронпарасту исломпараст бошанд.
Ҳол он ки ягон кас аз тарафдорони хати форсӣ тарафдори режими ҳозираи охундии Эрон нест ё исломӣ шудани Тоҷикистонро имрӯз кӣ даъво кардааст?
Хати кириллӣ ба он дараҷа забони модарии моро дурушт намуд, ки ровии телевизион ба даҳони ягон роҳгузари ҳатто маълумоти олидор микрофон бидорад, он шахс ба посухи саволи ровӣ чанд ҷумлаи пурмаъно ва равон гуфта наметавонад. Аммо як бачаи афғонро дар ҳамон вазъ мебинед, ки ҷое дар намонда равон ҳарф мезанад, ҳол он ки ҳамагӣ ду-се сол дар дабистон таҳсил кардааст.
Устод Адаш Истад
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Якпорчагӣ ва ваҳдат – мояи раҳмат
Ваҳдат ва тақриб дар суханони Шайх Маҳмуди Шалтут

Матолиби пурбоздид