Ахлоқи некӯ ва хушрафторӣ дар ҷомеа

Адаб

Ахлоқи некӯ ва хушрафторӣ дар ҷомеа

Сабки зиндагӣ

Инсоне, ки хушсухану хушахлоқ бошад ва бо мардум хушрафторӣ кунад ва бо чеҳраи хандон сухан гӯяд ва дар баробари ҳаводис ва мушкилот бурдбор бошад, маҳбуби ҳамагон хоҳад буд.

Ин афрод дӯстони бисёре доранд ва дигарон аз муошират ва нишасту бархост бо онон лаззат мебаранд ва назди ҳама азизу мӯҳтарам аст.

Аз дигар фавоиди ахлоқи хуш ин аст, ки одами хушахлоқ ба заъфи аъсоб ва бемориҳои равонӣ мубтало намешавад, бар мушкилот ва душвориҳои зиндагӣ пирӯз мегардад, аз зиндагиаш лаззат мебарад ва зиндагии атрофиёнаш низ хуш мегузарад.

Аз Имом Содиқ(р) нақл мекунанд:

“Ҳеч зиндагоние гуворотар аз хушахлоқӣ нест”.

Аммо касе ки бадахлоқ бошад ва бо туршрӯӣ бо мардум мулоқот кунад ва тундхӯву бадзабон бошад, зиндагии талху ногуворе хоҳад дошт. Ин гуна афрод ҳамеша худаш ва атрофиёнаш дар азобанд, мардум аз мутанаффир мешаванд ва эҳтимоли ин ки ба бемориҳои гуногун ва бавижа бемориҳои равонӣ гирифтор шавад, зиёд аст.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Инсони бадахлоқ нафси худро дар ранҷу азоби доим қарор  медиҳад”.

Инсони хушахлоқ ба иловаи ин ки зиндагии хубе дорад, дар назди Худованд ҳам аҷру подоше дорад. Дар ривояте аз Имом Алӣ(р) нақл шудааст: “Худованд ба одами хушахлоқ савоби ҷиҳод медиҳад ва субҳу шаб барояш савоб нозил мешавад”.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оини ҳамсардорӣ
Меҳрварзӣ дар муҳити оила

Матолиби пурбоздид