Ашк гавҳар мешавад…

Адаб
Ашк гавҳар мешавад…
Озарахш
Ашк гавҳар мешавад дар дидаи гавҳаршинос,
Набзи ахтар метапад дар синаи ахтаршинос
Ошиқ аз бўи шароби ишқ сархуш мешавад,
Қиммати соғар шиносад бо нафас соғаршинос
Хоксорони ҷаҳон аз хок зар меофаранд,
«Қадри зар заргар бидонад, қадри заргар заршинос»
Санг месабзад зи шукри резаборони баҳор,
Нур бо хуршеди ховар мешавад ховаршинос.
Қадри неъмат баъди неъмат ғайри оҳу нола нест,
Марги модар мекунад фарзандро модаршинос.
Озарахш, озар надорад зиндагӣ бе нури ишқ
Оташи ишқ аст, дар хокистари озаршинос…!
Озарахш
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон ва озодихоҳӣ – V
Интиқоми Худованд

Матолиби пурбоздид