Ақлгароӣ ё тақлид?
Маърифат
Таслим дар муқобили гузаштагон, як ҳолати зидди ақл аст. Қуръон мехоҳад, ки инсон роҳи худашро ба ҳукми ақл интихоб кунад. Пас муборизаи Қуръон бо тақлид ва ба истилоҳ, “суннатгароӣ”, муборизае аст ба унвони ҳимоят аз ақл…
“Масъалаи тақлидро зиёд шунидаед. Қуръон бо масъалаи ба истилоҳи имрӯз “суннатгароӣ” яъне пазируфтани он чи ки дар гузашта будааст, бо ин ҳолати гӯсфандсифатӣ дар инсон ва бо пайравии кӯр-кӯрона аз обо ва аслоф ва ниёгон, фақат ба далели ин ки онҳо обо ва ниёгон ҳастанд, сахт мубориза кардааст.
Ман истихроҷ кардаам, дидаам, ҳар пайғамбаре бо умматаш, ки мувоҷеҳ буда, масъалаи бахусусе буда, ки рӯйи он таъкид дошта ва мардумро ба он даъват мекардааст. Вале ду се чизи муштарак буда, ки ҳар пайғамбаре онҳоро тарҳ мекардааст, баъзе мусбат ва баъзе манфӣ. Масалан, тавҳид аз умуре аст, ки ҳар пайғамбаре онро тарҳ мекардааст. Яке (дигар) аз чизҳое, ки муштарак буда ва ҳар пайғамбаре онро матраҳ карда ва маълум мешавад, ҳамаи миллатҳо гирифтори он будаанд, пайравӣ аз аслоф аст, ки мегуфтанд: мо ҳарфи туро қабул намекунем, чун ҳарфи ту тоза аст ва мо насли гузашта ва падаронамонро бар роҳи дигаре дидаем ва роҳи падарони худамонро меравем.
Ин ҳолати таслим дар муқобили гузаштагон, як ҳолати зидди ақл аст. Қуръон мехоҳад, ки инсон роҳи худашро ба ҳукми ақл интихоб кунад. Пас муборизаи Қуръон бо тақлид ва ба истилоҳ, “суннатгароӣ”, муборизае аст ба унвони ҳимоят аз ақл…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Таълиму тарбият дар ислом)
Қаламонлайн