Шайх Наим Қосим: Исроил рафтанист!
Ахбори байналмилал
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: “Муқовимати Лубнон 3185 амалиёт анҷом дод”
“Исроил рафтанӣ аст”
Ба гузориши Алманор, шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар суханоне дар маросими ошӯроӣ гуфт: “Ҳадафи Имом Ҳусайн (а) ислоҳи уммат ва муқобила бо зулм ва соқит кардани ҳокими золим ва мустабид ва барпоии адолат буд.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: “Аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири пайванд додани арсаи Лубнон, чӣ ба унвони як муқовимат ва чӣ ба унвони як миллат, бо омодагии қавӣ барои фидокорӣ ва водор кардани “Исроил” ба таваққуфи таҷовузаш, сипосгузорем. Мувозинаи қуво дар минтақа тағйир хоҳад кард.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон баён кард: “Он чиро, ки дар ҷанг алайҳи Эрон иттифоқ афтод дастикам нагиред. Ҳадафи сарнагунии низоми Эрон ва нобудии зиндагии шарофатмандона ва обрӯмандона дар Эрони инқилобӣ шикаст хӯрдааст.”
Наъим Қосим афзуд: “Ҳақоиқи мавҷуд нишондиҳандаи густариши Исроил аст. Муқовимат дар Лубнон бо таҷовузи Исроил муқобила мекунад ва шавоҳид нишон медиҳад, ки Исроил хоҳони Лубноне заъиф аст, то битавонад онро ишғол ва илҳоқ кунад. Нахуствазири душман, ошкоро пружаи “Исроили бузург”-ро эълом кардааст.”
Вай таъкид кард: “Пружаи Исроил дар Лубнон, ҳазфи иҷтимоӣ, низомӣ ва фарҳангии Ҳизбуллоҳ аст ва ин ба манзилаи нобудии бахши бузурге аз мардуми Лубнон аз тариқи куштор, оворагӣ ва интиқол ба маконҳои дигар, ба манзури тасҳили илҳоқи Лубнон аст.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард: “Хатар, вуҷудӣ аст ва мо аз ҷон, оянда, кӯдакон ва масири худ дифоъ мекунем. Мо ҳаққи дифоъ аз худро дорем.”
Вай афзуд: “Агар мо истодагӣ намекардем, Лубнон солҳо давом намеовард ва агар муқовимат ва мардуми он истиқомат намекарданд, Лубнон наҷот намеёфт. Ин муқовимат ва мардуми он, ки ҳазинаи сангинеро дар муқобила бо хатарноктарин пружа алайҳи Лубнон пардохтаанд, чӣ қадр бузург аст!”
Наъим Қосим таъкид кард: “Мо пружаи Исроили бузургро дарҳам шикастем. Мо хостори баҳрабардорӣ аз ин лаҳзаи ҳассосе ҳастем, ки дар он қарор дорем. Шумо ин муқовиматро афсонаӣ медонед, пас ба шикастхӯрдагон тавваҷӯҳ накунед.”
Вай гуфт: “Он чи пойдор мондааст, ҷанбаи низомӣ нест, балки имонӣ аст, ки азму иродаи тазалзулнопазирро фароҳам мекунад. Мо аз тариқи се рукни қудрат қавӣ ҳастем: имон, ирода ва тавоноӣ.”
Наъим Қосим таъкид кард: “Теъдоди худравҳои душман, ки ҳадаф қарор гирифтанд, 518 ва теъдоди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҳадаф қароргирифта 85 маврид буд. Мо 12 паҳпод ва 12 болгардро сарнагун кардем ва як болгардро низ мунҳадим кардем. Муқовимат 3185 амалиёт анҷом дод, ки ба таври мутавассит 30 амалиёт дар рӯз мешавад.”
Вай гуфт: “Мо қавӣ ҳастем ва ин омили бисёр муҳимме аст, ки бояд бар он такя кунем. Душмани исроилӣ, 1347 кушта дода ва захмиҳояшро ҳам бояд мурда ба ҳисоб биёварем. Мо ба пирӯзӣ дар дастёбӣ ба ҳокимияти Лубнон бар сарзамин ва ҳуқуқи он ва ихроҷи Исроил итминон дорем.”
Наим Қосим афзуд: “Оё бояд фақат барои додани он чи исроилиҳо мехоҳанд ба музокира биравем? Сақфи музокира бо душман, амнияти мутақобил аст ва ҳар пружае таҳти унвони халъи силоҳ, қобили иҷро нахоҳад буд. Он чи душман натавонист бо ҷанг ба даст оварад, мехоҳад бо сиёсат ба даст оварад. Исроил бояд баравад ва рафтанӣ аст.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: “Мо аз раисиҷумҳур ва мақомоти сиёсӣ мехоҳем, ки дар ростои иттиҳод ва ваҳдати калима ҳаракат кунанд. Дар ҳар музокирае, хостаи асосӣ бояд эҳёи ҳокимияти Лубнон бошад. Мо 15 моҳ аст, ки муназзамтарин будаем ва омодаи ҳамкорӣ ҳастем. Дар воқеъ, бояд дар ин бурҳаи ҳассос муттаҳид бошем.”
Наим Қосим таъкид кард: “Мо омодаи ҳамкорӣ ҳастем ва инро бо тасҳили истиқрори артиши Лубнон дар ҷануб собит кардаем. Монеъи таҳаррукоти душман шавед он гоҳ бо ҳам хоҳем буд. Чӣ олӣ хоҳад буд, ки яди воҳидеро барои озодсозии сарзаминамон ташкил диҳем ва ояндаи фарзандонамонро рақам бизанем.”
Вай афзуд: “Музокироти мустақим ҳамаи имтиёзҳое ҳастанд, ки омрикоиҳо ва исроилиҳо ба дунболи гирифтани он ҳастанд. Онҳо алайҳи Лубнон тавтиъа мекунанд, онро саркӯб ва сокит мекунанд ва аз тарафи он баёния содир мекунанд.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони хитоб ба давлатмардони Лубнон гуфт: “Мо тавсия мекунем, музокироти мустақимро канор бигзоред, музокироте, ки собит шудааст диктаҳои таҳқиромезе ҳастанд, ки зери оташи ҷанг таҳмил мешаванд ва ҳеч арзише надоранд.”
Қаламонлайн













