Ба далели ҳамлаҳои пайдарпаи Яман Исроил даст ба домони Амрико ва СММ шуд
Исроил даст ба домони Амрико ва СММ шуд: Фавран ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати пешгирӣ аз ҳамалоти мудовими Ҳусиҳо ташкил шавад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши пойгоҳи давлатии исроилии Times of Israel, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ хостори баргузории ҷаласаи Шӯрои амният барои маҳкум кардани ҳамалоти Яман ба ин режим шуд.
Саер изҳор дошт: “Ман аз раиси Шӯрои амният хостам, ҷаласае изтирорӣ барои маҳкум кардани ҳамалоти Ҳусиҳо ва ҳимояти мустамарри Эрон аз онҳо баргузор кунад.”
Вай гуфт: “Ҳусиҳо ба ҳамалот алайҳи Исроил идома медиҳанд ва озодии киштиронӣ ва тиҷоратро таҳдид мекунанд, онҳо таҳдиде алайҳи минтақа ва ҳамаи ҷаҳон ҳастанд.”
Вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ иддаъо кард: “Ҳамалоти Ҳусиҳо нақзи хатарноки қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амният ва таҳдиде алайҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст.”
Саер пештар ҳам аз сафирони ин режим дар кишварҳои уруплӣ хоста буд, то барои “теруристӣ” муаррифӣ кардани Ансоруллоҳ талош кунанд.
Қаламонлайн