Бадахшон

Таърих

Бадахшон
Mehmonsho Sharifzoda

Кӯҳистони Бадахшон бо шоҳигариҳояш аз қадим вуҷуд дошт ва вожаи “вилоят” аз замони Темуриёни ҳинд нисбат ба ин сарзамин истифода мешуд ва аз 2 январи соли 1925 аз тарафи ҳукумати Шӯравӣ ба таври расмӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номида шуда ва инчунин 9 декабри соли 1991 Маҷлиси намояндагони Вилоятии Куҳистони Бадахшон, Вилояти Мухторро ба Ҷумҳурии Мухтор иваз намуд ва роҳбарияти Тоҷикистон ҳам ин қарорро тасдиқ карданд.

Баъди пош хӯрдани Шӯравӣ намояндагони маҷлиси Вилоят, зиёиҳои Бадахшон ва мардум ба тавоноии худ боварӣ доштанд, ки бо такя ба захираҳои ақлонӣ ва табиӣ худ метавонанд сарзамини худ ва дар умум Тоҷикистонро ба як ҷумҳурии обод табдил додан. Бале то омадани ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон ба Тоҷикистон ин мардум чунин рӯҳия, умед ва ҳадафҳо доштанд, ки онро аз матбуоти даврии Бадахшон метавон ба осони дарк кард. Вале афсӯс, ки зарфияти сиёси-музофотии бо ёрии русу узбак ба қудрат оварда шуда ҷанги шаҳрвандиро давом дод ва ин шароитҳо, руҳия ва умедҳоро аз байн бурд ва ба Тоҷикистон хиёнати нобахшидание кард.

Ва баъди сулҳи Тоҷикон ин ҳукумати соягӣ ба худи сулҳ ва ба тарафи дигари сулҳ хиёнат кард ва бо он ки аз муддирият ва сиёсат дур буданд фасод, дуздӣ ва дурӯғро ниҳодина карданд ва мардумро “рӯ ба раҳми Худо” гузоштанд ва ба мардуми Тоҷикистон хиёнат карданд ва боз ба ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон хиёнат карданд ва бо ҳамин Тоҷикистонро ба як давлати гадо ва номуваффақи дунё табдил доданд. Бешак ҷоҳилӣ, худхоҳӣ, бахилӣ, ҳасодат ва ғуломи нафс будани роҳбарони ин ҳукумат нуктаи калидӣ дар ин хиёнатҳо дар Тоҷикистонанд.

Имрӯз вақте, ки ҳукумронии қонун, сиёсат ва гуфтугу нест ва давлат хусусӣ шудааст мардум дар бисёр қисматҳои Тоҷикистон чӣ будани мухториятро ё автономияро (autonomy, sovereignty) дарк намекунанд. Вале дар Бадахшон мардум ҳануз ҳам зарфият, ихтиёр ва номуси худро, ки барои сохтмони ҷомеъаи воқеан демократи арзишҳои бунёдиянд нигоҳ доштаанд. Онҳое, ки муқобили мухторияти Бадахшон ҳарф мезананд, дарк накардаанд, ки имруз Тоҷикистон худ мухторият надорад, зеро ин мухториятро (озодихоҳи ва ғурур) ва сиёсатро дар вуҷуди мардум ва дар ҷомеа барвақт нест карданд. Гуруҳе мухторияти Тоҷикистонро ба истибдод (despotism), ба хусус истибдоди бефарҳангӣ табдил додаанд ва мехоҳанд дар Бадахшон ҳам ин чизро батамом барқарор карда бошанд.

Ин солҳо, ки мардум дар Бадахшон тазоҳурот мекунанд, ба гуфтугу даъват мекунанд, аз ҳукумронии қонун, аз ҳуқуқҳои инсон ҳарф мезананд асли мухторият ва сиёсат буд ва ҳаст. Мухторият ин танҳо ҳарф нест, ки дар қонуни асосӣ навишта шуда бошад, балки ин арзишест ки садсолаҳо боз дар фарҳанг ва ҳастии ин мардум шакл гирифтааст. Мардуми Бадахшон аз арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳое ҳарф мезананд, ки имруз ҳама Тоҷикистон ба он ниёз дорад. Ин иваз кардани хушунат ба гуфтугӯ ва иваз кардани истибдод ба демократия ҳаст.

100-СОЛАГИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ХУҶАСТА БОД!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бузургтарин набарди инсон
Нақши китоб ва мутолиа дар баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ

Матолиби пурбоздид