Банда ва озод

Банда ва озод

“Дар таърих шавоҳиди зиёде ҳаст аз касоне, ки аз лиҳози қонуни моликият, ғулому барда ва мамлук буданд, вале аз лиҳози руҳу ақлу фикр, дар мунтаҳои озодӣ буданд.
Магар Луқмони Ҳаким, ки Қуръони Карим сурае ба ифтихори ӯ ва номи ӯ ихтисос дода, барда ва банда набуд?
Дар айни ҳол аз лиҳози ақлу руҳу ахлоқ, дар мунтаҳои озодманишӣ ба сар мебурд.
(Ва дар муқобил, касоне ҳастанд, ки) ба ҳасби қонуни моликият озоданд, вале асиру бардаанд; ақлу фикрашон барда аст, руҳу дилашон барда аст, шаҳомату ахлоқашон барда аст.
Қуръони Карим мефармояд: “Бигӯ: зиёнкардагони воқеӣ он касоне ҳастанд, ки худашонро бохтаанд ва шахсияти инсонии худро аз даст додаанд.” (Зумар/15).
Ин ки касе дар саҳнаи зиндагӣ ҷомаи худро бибозад ё хона ва маскани худро бибозад ё пулу сарвати худро бибозад ё мақоми иҷтимоии худро бибозад, он қадр муҳим нест, ки касе шахсияти маънавӣ ва инсонии худро бибозад, ҳуррият ва шаҳомати худро бибозад, шуҷоати худро бибозад, истиқлол ва маноъати худро бибозад, сафо ва самимияти худро бибозад, виҷдон ва қалби ҳассоси худро бибозад, ақлу имони худро бибозад, руҳи истиғнову футуввати худро бибозад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсофу қонун мебояду бас
Ашъори Рӯдакӣ дар «Таърихи Байҳақӣ»

Матолиби пурбоздид