Баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон
Ахбори фарҳангӣ
Баргузории мутақобили ҳафтаи фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон баъд аз чаҳордаҳ сол вақфа, дубора аз сар гирифта мешавад.
Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар, бо ҳузури ҳайате аз мақомоти расмии давлатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар баргузор хоҳад шуд.
Ба ҳамин манзур, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон рӯзи якшанбе, 30-октябр, дар сафари дурӯза барои ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Эрон, ба Тоҷикистон сафар кард.
Дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, ки бо ҳузури ҷамъе аз аҳолии фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, қарор аст бархе аз зарфиятҳо, дастовардҳо ва тавонмандиҳову халлоқиятҳои ҳунармандони эронӣ, дар арсаҳои мухталифи ҳунарӣ, таҷассумӣ ва мусиқӣ ба намоиш гузошта шавад.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн