Бардошти ғалат аз зуҳд

Бардошти ғалат аз зуҳд

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Зуҳд, мафҳуми дигаре дорад, ки ин мафҳумро низ бояд тавзеҳ диҳем ва он ин ки намегӯем, қаламрави дунё ва қаламрави охират, балки мегӯем, ҳамаи корҳои дунёро чун вазифа аст бояд анҷом бидиҳем, вале ҳисоби лаззати дунё, аз ҳисоби лаззати охират ҷудост. Мо ё бояд дар дунё лаззат бибарем ва аз лаззати охират маҳрум бошем ё лаззати охиратро ба даст оварем ва худамонро аз лаззати дунё маҳрум кунем.

Ин ҳам худаш як тарзи тафаккуре аст. Ин ашхос намегӯянд, ки бояд кору касбу зиндагиро раҳо кард; мегӯянд, чун вазифа аст анҷом медиҳем, вале кӯшиш мекунем дар ин дунё лаззат набарем, барои ин ки ҳар чи дар ин дунё лаззат бибарем, аз лаззати охирати мо коста мешавад. Ҳар чи ки дар дунё хушӣ кунем, аз хушиҳои охирати мо коста мешавад. Пас дар инҷо лаззати дунёро медиҳем, то лаззати охиратро бигирем.

Абӯалӣ Сино дар намати нӯҳуми “Ишорот” мегӯяд:

الْمُعْرِضُ عَنْ مَتاعِ الدُّنْیا وَطَیباتِها یسَمّی بِاسْمِ الزّاهِدِ

Яъне ба касе, ки аз лаззати дунё эъроз мекунад барои ин ки ба лаззати охират бирасад, истилоҳан зоҳид мегӯянд.

Аммо ин тарзи тафаккур чӣ тавр аст? Оё асли муовизаи (иваз кардани мутақобили) лаззатҳо саҳеҳ аст? Оё ислом барои лаззатҳо ду қаламрав қоил аст, яъне мӯътақид аст, ки агар инсон лаззати дунё барад, дигар бояд аз лаззати охират маҳрум бошад? Аз он тараф, оё ислом мӯътақид аст, ки агар инсон худашро аз лаззати дунё маҳрум кард, дар он дунё ба ӯ лаззат медиҳанд ва мегӯянд, чун худатро дар дунё аз лаззат маҳрум кардӣ, дар иваз дар инҷо биё бигир? Ба иборати дигар, оё барои ҳар касе як миқдор эътибори лаззат қоил шудаанд ва ӯ бояд онро вусул кунад ё дар дунё ё дар охират? Агар дар дунё вусул кард, ҳисобаш тамом мешавад, аммо агар вусул накард, ҳақ дорад дар охират вусул кунад? Баъзе хаёл мекунанд, мафҳуми:

أَذْهَبْتُمْ طَيِّبَاتِكُمْ فِي حَيَاتِكُمُ الدُّنْيَا

(Аҳқоф/20) ҳамин аст!

На, ин ҳам дуруст нест. Мутмаиннан агар касе дар дунё худашро аз лаззатҳои дунё маҳрум кунад ба ин ҳисоб, ки дар он дунё ба ӯ лаззат бидиҳанд, дар он дунё рӯйи ин ҳисоб ба ӯ лаззат намедиҳанд; намегӯянд, ту чӣ бандаи хубе будӣ, ки дар дунё лаззат набурдӣ; ҳоло, ки дар дунё маҳрумият кашидӣ, ивази он маҳрумият, инҷо ба ту лаззат медиҳем. Намегӯянд, ту аз мо як миқдор лаззат талабкорӣ, ҳоло, ки қаблан аз он истифода накардаӣ, алъон истифода кун.

Қатъан чунин чизе вуҷуд надорад. Яъне лаззатҳои охират натиҷаи маҳрумиятҳои амдӣ, ки башар худаш барои худаш эҷод кунад нест, балки мавлуди омилҳои дигар аст.

Аммо тарафи дигари қазия ин аст: оё агар мо лаззати дунёро бурдем, дар он дунё мегӯянд, чун лаззати дунё ҳарчанд лаззати ҳалоли дунёро бурдаед, дигар ҳақ надоред лаззат бибаред? Бинобар ин шумо яке аз ду бадбахтиро бояд таҳаммул кунед: ё дар дунё маҳрумият бикашед ё дар охират ва ин ду бо ҳам ҷамъ намешаванд.

Ин ҳам аз назари мантиқи ислом мардуд аст. Алӣ алайҳис салом дар “Наҳҷул-балоға” мефармояд:

انَّ الْمُتَّقینَ ذَهَبوا بِعاجِلِ الدُّنْیا وَأجِلِ الْاخِرَةِ، سَکنُوا الدُّنْیا بِأفْضَلِ ما سُکنَتْ وَأکلوها بِأفْضَلِ ما اکلَتْ

(“Наҳҷул-балоға”, номаи 27) Муттақин ва парҳезгороне дар дунё ҳастанд, ки ҳам неъмати дунёро бурдаанд ва ҳам неъмати охиратро. Дар дунё дар беҳтарин масканҳо нишастаанд ва беҳтарин ғизоҳоро хӯрдаанд ва дар айни ҳол ба неъмати ъуқбо (охират) ҳам расидаанд.

Бале, аз назари ислом, дар дунё як лаззатҳое ҳаром аст. Лаззати ҳароми дунё инсонро аз лаззати он дунё маҳрум мекунад, балки ъиқоби он дунёро меоварад. Лаззати зино мусалламан инсонро аз лаззатҳои ухравӣ маҳрум мекунад ва балки азоби ухравӣ меоварад. Лаззати шароб қатъан инсонро аз лаззатҳои он дунё маҳрум мекунад. Лаззати қимор — агар лаззате дошта бошад — ҳамин тавр, лаззати рибо ҳамин тавр, лаззати ғайбат ва дурӯғ гуфтан ва ба таври куллӣ лаззати ҳар кори ҳароме ҳамин гуна аст.

Аммо лаззати ҳалол ин тавр нест. Қуръон тасреҳ кардааст, ки мо хушиҳоро дар дунё ҳалол кардем. Мегӯяд, ҳар чи хушӣ ва ҳар чи покизагӣ ва ҳар чиро, ки бадбахтӣ барои башар намеоварад, ҳалол кардем.

Қуръон мегӯяд, мо он лаззатеро ҳаром кардем, ки воқеан лаззат нест, бадбахтӣ аст.

Шаробро ту хаёл мекунӣ лаззат ва хушӣ аст, аммо мутаваҷҷеҳи авоқиби он барои руҳат, барои баданат ва барои иҷтимоъат нестӣ. Ту лаззати онии зиноро мебинӣ, вале авоқибашро намебинӣ. Қуръон мегӯяд, зиноро чун хабис ва зиёновар аст, мо ҳаром кардем, вагарна ҳар лаззатеро, ки авоқиби ногувор надошта бошад, ҳалол кардаем. Қуръон мефармояд:

وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ

(Аъроф/157) Чӣ мантиқи олие! Ҳар чи ки хушӣ аст, на як хушии онӣ, балки хушие, ки барои бадан, барои руҳ ва ҷомеа авоқиби ногувор надорад, ҳалол аст ва ҳар чи ки палид мебошад, ҳаром аст.

قُلْ مَنْ حَرَّمَ زِينَةَ اللَّهِ الَّتِي أَخْرَجَ لِعِبَادِهِ وَالطَّيِّبَاتِ مِنَ الرِّزْقِ

(Аъроф/32) Бигӯ: чӣ касе ҳаром кардааст зеварҳои Худоро, ки барои башар овардааст? Чӣ касе ризқҳои покизаро ҳаром кардааст?

كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ

(Тоҳо/81) Аз рӯзиҳои пок ва покизае, ки мо додаем истифода бибаред.

Пас ин мантиқ ҳам дар боби зуҳд, дар ислом вуҷуд надорад, ки касе хаёл кунад, ман аз лаззати ҳалоли дунё чашм мепӯшам барои ин ки дар иваз лаззате дар охират ба ман бидиҳанд ва муоваза кунанд. Чунин муовазае вуҷуд надорад.

Мафҳуми воқеии зуҳд

Вале дар айни ҳол дар ислом зуҳд вуҷуд дорад. Албатта он чи ки дар ислом ба номи зуҳд номида мешавад, аввалан бидонед, ки воҷиб нест, як фазилат ва як камол аст, аммо фазилат ва камоле, ки ҳадафаш на он ду ҳадафе аст, ки арз кардам, балки чизи дигар аст. Бале, дар ислом дар мавориде барои ҳадафҳо ва манзурҳое тавсия шудааст, ки инсон зуҳд биварзад, яъне тавсия шуда, ки инсон лаззатпараст набошад, худашро дар лаззатҳои дунё ғарқ накунад.

Ҳатто агар худашро дар лаззатҳои ҳалол ҳам ғарқ бикунад, кори ҳароме накардааст, вале агар накунад, як кори ахлоқии бузург анҷом додааст. Ислом бо лаззатпарастӣ ҳарчанд аз тариқи ҳалол мувофиқ нест.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Эҳёи тафаккури исломӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикмате аз Буалӣ
Рисолаи ишқи Ибни Сино

Матолиби пурбоздид