Барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Ахбори иқтисодӣ

Ба гузориши радиои Озодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ ба Тоҷикистон 37,5 миллион доллар кумак кардааст.
Дар хабарномаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 27-уми март нашр шудааст, гуфта мешавад, ин маблағ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии хонаводаҳои осебпазир дар Тоҷикистон равона шудааст.
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон аз болоравии нарх, афзоиши бекорӣ бештар зарар мебинанд ва ба ғизои дуруст дастрасӣ надоранд.
Ин маблағ тибқи барнома ҳамчун кумаки якдафъаина бояд ба 110 ҳазор хонаводаҳои камбизоат расонида шавад.
Феълан, Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 25 барномаро дар ҳаҷми 1,59 миллиард доллар амалӣ мекунад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шайхурраис Буалӣ Сино
Афви байналмилал: Ҷанги Украина меъёрҳои дугонаи Ғарбро бармало кард

Матолиби пурбоздид