Барои оянда нақша ва ҳадаф дошта бошед

Муҳоҷират

Барои оянда нақша ва ҳадаф дошта бошед

Доштани чашмандоз  – план, нақша ва ҳадафи мушаххас барои оянда

Барои оянда бояд чашмандоз ва ҳадафи мушаххасе дошта бошем.

Доштани чашмандози мушаххас барои оянда ба мо кӯмак мекунад, тасмимоти ҷиддӣ дар зиндагии худ бигирем ва беҳтар битавонем барои пешрафт ва муваффақияти шахсии худ барномарезӣ кунем.

То замоне ки мо надонем муваффақиятро чӣ гуна таъриф кунем ва дар зиндагӣ хоҳони пешрафт дар чӣ заминаҳое ҳастем, қатъан масири дастёбӣ ба муваффақиятамон ба кӯчаи сарбаста хоҳад буд ва роҳамонро гум мекунем.

Бинобар ин аввалин қадам барои барномарезӣ ин аст, ки бояд бидонем мехоҳем ба куҷо биравем, дар чӣ заминае дӯст дорем пешрафт кунем ва ба муваффақият бирасем.

Барои ин кор шояд лозим бошад рӯзҳо ва ҳафтаҳои зиёдеро ба фикр кардан ва ҷустуҷӯ бипардозем то комилан бифаҳмем, ки дақиқан чӣ чизе моро хушҳол мекунад.

Бояд ба хотир дошта бошем, ки мумкин аст таърифи шахсии мо аз пешрафт ва муваффақият дар зиндагӣ бисёр мутафовит бо таърифи ҷомеа ва ҳатто волидайнамон бошад.

Хеле вақтҳо, мебинем, ки шахсе солҳои дарозро сарфи дарс хондан ва таҳсил дар риштаи хоссе мекунад ва саранҷом, пас аз поёни таҳсилот, мефаҳмад, ки алоқа ва истеъдоди ӯ дар заминаи дигаре будааст ва ин мавзӯъ дилсардии амиқе барои ӯ эҷод мекунад.

Барои ҳамин аст, ки гуфтем, барои оянда бояд чашмандоз ва ҳадафи мушаххасе дошта бошем…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши ризқу рӯзӣ
Аҳли амал бошед

Матолиби пурбоздид