Баррасии ҷиноёти ҷангии Русия
Ахбори ҷаҳон
Ба иддаои Девони кайфарии Гаага, нерӯҳои Русия аз замони ҳамла ба Украина аз 24-феврал, ба анҷоми ҷиноёти ҷангии мухталиф дар хоки Украина муттаҳам шудаанд, ин иддаоест, ки Маскав онро рад кардааст.
Иттиҳодияи Аврупо таъкид намудааст, додгоҳи тахассусӣ таҳти ҳимояти СММ барои таҳқиқ дар бораи ҷиноёти ҷангии эҳтимолии Русия дар ҷараёни таҳоҷуми низомӣ ба Украинаро ташкил хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки Русия ба куллӣ иттиҳоми ҷиноёти ҷангиро рад мекунад.
Урсула фон дер Ляйен, раиси комиссияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо баёни ташкили ин додгоҳ, таъкид намудааст, Иттиҳодияи Аврупо дар талош аст, ҷомеаи байналмилалиро ба таври густарда барои ҳимояти ин ин иддао ба худ ҳамроҳ хоҳад сохт.
Гуфта мешавад, пешниҳоди ташкили ҳамчунин додгоҳе аз ҷониби Украина буда ва Иттиҳодияи Аврупо аз он ҷонибдорӣ намудааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн