Баёнияи дуввуми Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон

Баёнияи дуввуми Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ахбори байналмилал

Баёнияи дуввуми Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон: 35 нафар аз омилони амалиёти теруристии Кирмон боздошт шуданд

Тарроҳ ва пуштибони аслии амалиёти ҷинояткоронаи Кирмон, фарде тоҷикистонӣ ба номи мустаъори “Абдуллоҳи Тоҷикӣ” будааст

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бораи ҳамлаи теруристии Кирмон эълом кард: бар асоси натоиҷи ҳосила то кунун, тарроҳ ва пуштибони аслии амалиёти ҷинояткоронаи мавриди баҳс, фарде тоҷикистонӣ ба номи мустаъори “Абдуллоҳи Тоҷикӣ” будааст. Ин теруристи муздур дар таърихи 28 озармоҳи 1402 (19 декабри 2023) ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак “барои таъмини пӯшиш”, ба сурати ғайри муҷоз ва тавассути қочоқбарҳои маҳаллӣ, аз марзҳои ҷануби шарқӣ вориди кишвар шуда, ба устони Кирмон мунтақил ва дар хонае иҷораӣ дар атрофи шаҳри Кирмон мустақар мешавад.

Ба гузориши Ирно, дар матни баёнияи дуввуми Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси фоҷеаи теруристии Кирмон ҳамчунин омадааст:

“1) Бар асоси натоиҷи ҳосила то кунун, тарроҳ ва пуштибони аслии амалиёти ҷинояткоронаи мавриди баҳс, фарде тоҷикистонӣ ба номи мустаъори “Абдуллоҳи Тоҷикӣ” будааст. Ин теруристи муздур, дар таърихи 28 озармоҳи 1402 (19 декабри 2023) ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак “барои таъмини пӯшиш”, ба сурати ғайри муҷоз ва тавассути қочоқбарҳои маҳаллӣ, аз марзҳои ҷануби шарқӣ вориди кишвар шуда, ба устони Кирмон мунтақил ва дар хонае иҷораӣ дар атрофи шаҳри Кирмон мустақар мешавад. Вай, илова бар ҳидояти амалиёт, дар кори тавлиди бомбҳои дастсоз низ тахассус дорад; пас аз таркиби аҷзоъи мунқатеъ ва мутаъаддиди инфиҷорӣ ва электронӣ ва тавлиди бомбҳо, ниҳоятан ду рӯз пеш аз вуқӯъи фоҷеаи ғамбори мавриди баҳс, аз кишвар хориҷ шудааст.

2) Ҳувияти яке аз теруристҳои интиҳорӣ ба сурати комил эҳроз шуд. Вай Бозоров Исроил фарзанди Амонуллоҳ, 24 сола ва табаъаи кишвари Тоҷикистон будааст. Номбурда аз тариқи Телеграмм бо фирқаи ДОЪИШ ошно шуда, сипас ҷазби он мегардад. Ин интиҳории маъдум дар моҳҳои ахир ба шаҳри Вони Туркия азимат ва пас аз он бо убур аз Эрон бо кӯмаки қочоқбарҳои мустақар дар марзҳои ғарбӣ ва шарқии кишвар, ба Афғонистон азимат намудааст.

Дар он ҷо ба урдугоҳи гурӯҳаки теруристии ДОЪИШ дар устони Бадахшон рафта, муддате ба омӯхтани таъолими инҳирофӣ ва такфирии ДОЪИШ ва дарёфти омӯзишҳои мухталифи амалиётӣ ва теруристӣ пардохта ва пас аз чанд моҳ ба Эрон эъзом мешавад. Ин терурист тавассути қочоқбарҳои маҳаллӣ, аз марзи Ҷолиқи Каллагони шаҳристони Саровон вориди кишвар шуда ва пас аз тайи шаҳрҳои Хош, Эроншаҳр ва Ҷируфт, ниҳоятан дар Кирмон ба ҳамон иқоматгоҳи пешгуфта муроҷеа ва ба теруристи мавриди ишораи қаблӣ мепайвандад.

3) Дар мавриди ҳувияти теруристи интиҳории дуввум, сарнахҳои қобили таваҷҷӯҳе ба даст омада, ки пас аз ҳусули мушаххасоти комили вай, эълом хоҳад шуд.

4) Дар рӯзи ҳодиса, теруристҳо дар соатҳои 13:03 ва 13:14 дақиқа ва ба таври ҷудогона, аз хонаи тимӣ хориҷ ва ба сӯйи гулзори шуҳадои Кирмон ҳаракат мекунанд. Ҳадафи аслӣ барои инфиҷор, мазори сардори бузурги мубориза бо теруризми доъишӣ, сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ будааст. Аммо теруристҳо бо мушоҳадаи тадобири шадид ва чандлояии ҳифозатӣ ва истиқрори таҷҳизот ва нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ, тасмим мегиранд сенарияи шайтонии худро дар нуқоти нисбатан дур аз гулзори шуҳадо, дар муҳити хориҷ аз мадорҳои ҳифозатӣ ва нарасида ба истҳои бозрасӣ амалӣ созанд. Ба ин тартиб, теруристи аввал дар соати 14:55 дақиқа дар фосилаи 700 метрӣ аз гулзори шуҳадои Кирмон ва теруристи дуввум дар соати 15:15 дақиқа ва дар фосилаи ҳазор метрӣ аз мазори шуҳадо, ҷилиқаҳои интиҳории худро мунфаҷир менамоянд.

5) Ҳамчунон ки дар баёнияи аввали ин вазоратхона ишора шуд, амалиёти шиносоӣ ва радёбии теруристҳо, аносири пуштибон ва муртабитини дохилӣ ва хориҷии онҳо, билофосила пас аз вуқӯъи он фоҷеа оғоз шуд. Аввалин амалиёти дастгирии омилони пуштибони теруристҳо дар ғуруби рӯзи ҳодиса анҷом шуд. Субҳи рӯзи баъд ҳувияти тоҷикистонии яке аз теруристҳо шиносоӣ ва хонаи тимии ҷинояткорони доъишӣ кашф ва 2 унсури пуштибони дигари онҳо боздошт шуданд.

6) Теруристҳо илова бар ҷилиқаҳои интиҳории истифодашуда, таҷҳизоти инфиҷорӣ ва порча барои тавлиди ду ҷилиқаи инфиҷории дигарро омодасозӣ ва дар ҳавлии хонаи тимӣ дафн ва сатҳи ҳавлиро комилан ҳамвор ва оддисозӣ карда буданд, то кашфи онҳо имконпазир набошад.

7) Раванди шиносоии тарроҳон, омирон ва муртабитини теруризми такфирӣ ҳамчунон бо суръат ва диққат, дар дохил ва хориҷ аз кишвар идома дорад. Дар дохили кишвар то кунун 35 нафар дар устонҳои Кирмон, Систон ва Балучистон, Хуросони Разавӣ, Исфаҳон, Теҳрон ва Озарбойҷони ғарбӣ боздошт шудаанд.

Ҳамчунин теъдоде аз ҷинояткорони дахил дар фоҷеаи Кирмон, дар он сӯйи марзҳо шиносоӣ шудаанд, ки таъқиби онҳо бо ҷиддият дар дастури кор қарор дорад. Бадеҳӣ аст, ки Вазорати иттилоот таъқиби ҷинояткорон ва омилони ба хоку хун кашидани даҳҳо нафар аз мардуми бегуноҳро, дар фаросӯи марзҳои кишвар ва иҷрои адолат дар хусуси онҳоро ҳақ ва вазифаи қатъии хеш дониста ва то таҳаққуқи комили он аз пой нахоҳад нишаст…”

Irna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар Офриқои Ҷанубӣ
Оғози ҷаласаи расидагӣ ба иттиҳоми наслкушии Исроил дар Лоҳа

Матолиби пурбоздид