Баёнияи муштараки нишасти раиси ҷумҳури Узбекистон ва намояндаи тиҷории Амрико

Баёнияи муштараки нишасти раиси ҷумҳури Узбекистон ва намояндаи тиҷории Амрико

Ахбори минтақа

11-июн, Кэтрин Тай – намояндаи тиҷории Амрико ва Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбекистон дар Тошканд ба гуфтугӯ нишастанд.

Мақомоти ИМА ва Узбекистон ба тааҳҳуди худ барои танаввуъ бахшидан ба равобити тиҷорӣ ва сармоягузории дуҷониба ва таъмиқи гуфтугӯ дар мавриди авлавиятҳои муштараки иқтисодӣ таъкид карданд.

Кэтрин Тай аз мушорикат дар заминаи ислоҳоти Узбекистон ва ҳамчунин аз алоқаи Тошканд ба қатъи зудҳангом ва маҳдудиятҳои ислоҳияи Ҷексун Воник нисбат ба ин кишвар истиқбол кард.

Ҳамчунин Амрико аз талоши Узбекистон барои илҳоқ ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва авлавиятбахшӣ ба он аз сӯи Тошканд, ҳимояти комил намуд ва мутааҳҳид шуд, ки аз ислоҳоти дохилии ҷории ин кишвар барои ҳамсӯии режими тиҷории Узбекистон бо қавонини ва усули WTO ҳимоят кунад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рақобати Туркия ва Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз
839 амалиёти террористии Доиш дар чаҳор соли ахир 

Матолиби пурбоздид