Баёнияи Сипосҳи Посдорони Эрон дар хусуси ҳамла ба Курдистони Ироқ ва Идлиби Сурия

Баёнияи Сипосҳи Посдорони Эрон дар хусуси ҳамла ба Курдистони Ироқ ва Идлиби Сурия

Ахбори байналмилал

farsnews

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар иттилоияҳои ҷудогонае аз мушакборони мақарри ҷосусии Исроил ва мақарри теруристҳо дар минтақа хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, иттилоияҳои Сипоҳ ба шарҳи зерин аст:

Иттилоияи шумораи 3-и Сипоҳи Посдорони Инқилобии Исломии Эрон:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِینَ مُنتَقِمُونَ

Миллати азиз ва шарифи Эрони Исломӣ – уммати бузурги ислом!

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба шароратҳои ахири режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани фармондеҳони Сипоҳ ва ҷабҳаи муқовамат, бо ишроф ва тасаллути иттилоотӣ бар мақаррҳо ва таҳаррукоти ин режим дар минтақа, бо шиллики мушакҳои болистик, яке аз мақаррҳои аслии ҷосусии режими саҳюнистӣ (Мусод) дар иқлими Курдистони Ироқро мавриди ҳадаф қарор дода ва онро мунҳадим намуд.

Ин мақарр, маркази тавсиаи амалиёти ҷосусӣ ва тарроҳии иқдомоти теруристӣ дар минтақа ва хусусан кишвари азизамон будааст.

Ба миллати азизамон итминон медиҳем, амалиётҳои таҳоҷумии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ то гирифтани интиқоми охирин қатраҳои хуни шаҳидон идома хоҳад ёфт.

وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ

* * *

Иттилоияи шумораи 2-и Сипоҳи Посдорони Инқилобии Исломии Эрон:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

أُذِنَ لِلَّذِینَ یُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِیرٌ

Миллати азиз ва шарифи Эрони Исломӣ!

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба ҷиноёти ахири гурӯҳакҳои теруристӣ дар ба шаҳодат расондани мазлумонаи ҷамъе аз ҳамватанони азизамон дар Кирмон ва Роск, маҳаллҳои таҷаммӯъи фармондеҳон ва аносири аслии муртабит бо амалиётҳои теруристии ахир, ба вежа ДОЪИШ, дар сарзаминҳои ишғолии Сурияро шиносоӣ ва онҳоро бо шиллики теъдоде мушаки болистик мунҳадим намуд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба миллати бузурги Эрон итминон медиҳад, гурӯҳакҳои теруристии бадхоҳи миллати Эрон ҳар куҷо, ки бошандро хоҳад ёфт ва онҳоро ба сазои аъмоли нангинашон хоҳад расонд.

Соири аҳдофи мунҳадимшуда эълом хоҳад шуд.

وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ

* * *

Иттилоияи шумораи 1-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Ба огоҳии миллат шариф ва қаҳрамони Эрони Исломӣ мерасонад, бо таваккул ба Худованди Мутаъол ва иноёти ҳазрати Валии Аср (а.ҷ), дар посух ба ҷиноёти ахири теруристии душманони Эрони Исломӣ, мақаррҳои ҷосусӣ ва таҷаммӯъи гурӯҳакҳои теруристии зидди эронӣ дар бахшҳое аз минтақа дар нимашаби имшаб бо мушакҳои болистики Сипоҳ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва мунҳадим шуд.

farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳ: Омрико ва Англис дигар набояд аз Бобулмандиб убур кунанд
Тазоҳурот дар Конодо

Матолиби пурбоздид