Баҳорат хуш, ки фикри дигаронӣ!

Адаб

Баҳорат хуш, ки фикри дигаронӣ!
Расули Акрам(с) фармуданд:
“Ҳар кас шабро ба субҳ бирасонад, дар ҳоле ки ба умури муслимин аҳамияте намедиҳад (ва ба фикри муслимин нест), ӯ аз онон нест. Ва ҳар касе бишнавад, ки касе мусалмононро ба кӯмак фаро мехонад, вале посухе намедиҳад, мусалмон нест”.
Паёмбари азимушшаън, ҳазрати Муҳаммад(с) дар ин ҳадиси муборак, ба мусалмонон гӯшзад мекунанд, ки доиман, субҳу шом ва рӯзу шаб, дар фикри бародарону хоҳарони мусалмони худ бош!
Аз зиндагии онон, мушкилоти онон бохабар бош!
Аз саломатии онон бохабар бош!
Ва агар худой накарда, аз умури муслимин бехабар мондӣ ва лаҳзае аз бародарону хоҳарони мусалмони худ ғафлат намудӣ ва дар фикри онон набудӣ, дигар ту дар шумори муслимин нахоҳӣ буд.
Инчунин агар огаҳӣ ёфтӣ, ки касе, аз мусалмонон дархости кӯмак дорад, ба ёриаш биштоб, аз ҳолаш бипурс ва ҳоҷаташро то ҷое ки метавонӣ, бароварда кун, ки агар инчунин набудӣ, ту дар зумраи мусалмонон нахоҳӣ буд.
Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Аз ҳоли ҳамдигар бохабар бошем, ба ёрии ҳамдигар биштобем ва зиндагии дунявиро, ки чанд сабоҳе беш нест, барои ҳамдигар рагинтару зеботар созем.
Садҳо фаришта бар он даст бӯса мезананд
К-аз кори халқ гиреҳи баста во кунад… (Шабафрӯз)
***
Фаридуни Муширӣ ҳам чӣ зебо гуфтааст:
Саҳар дидам дарахти арғавонӣ
Кашида сар ба боми хастаҷоне
Ба гӯши арғавон оҳиста гуфтам:
Баҳорат хуш, ки фикри дигаронӣ!

 Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд ҳикмат аз Ғаззолӣ
Агар ботилро натавон соқит кард…

Матолиби пурбоздид