Бедҳо ғазал гуфтанд
Фирдавси Аъзам
Дар издиҳоми табар бедҳо ғазал гуфтанд
Шикаст қоматашон, маргро пазируфтанд
Ниҳолҳо ҳамагӣ бодро парастиданд
Санавбарон ба сутуҳ омаданду ошуфтанд
Зи хашми неши табар тира шуд наҷобати боғ
Ҷавонаҳои нагунбахт ҳич нашкуфтанд
Чинорҳо ба замин норасида, ҷон доданд
Ва кундаҳо ҳамагӣ бесадо ба хун хуфтанд
Фиғони ҷонбалаби решаҳои захмиро
На боғбон, на паранда, на боғ… нашнуфтанд
Касе надид сапедорҳо зи теғи табар
Чӣ гуна бо ғами талх истода меуфтанд…
Фирдавси Аъзам
Қаламонлайн