Бенасаб чӣ донад аз қадри ватан?

Фарҳанг

Бенасаб чӣ донад аз қадри ватан?

Луқмон Бойматов

Ҳaкиме ба мардумаш фармуд:

– Мағзи ҳикмати шикастхӯрдагони таърихи ниёконатонро дарёбед, ки нағз омадааст:

– Худписандии шаҳриёрон бузургтарин иллати бадбахтиҳои миллатҳо ва нобудии давлатҳои аҷдод шудааст.

– Ҳеҷ чизе ба андозаи ғурури шоҳони бехирад бунёни ҷомеъа ва ниҳоди миллатҳоро вайрон накардааст.

– Огоҳ бошед, ки пешвоёни худбину безот сабаби ҷудоӣ ва нифоқи одамон мешаванд, чаро ки фарди беасл ҳамватанони хешро ҳамеша бегона мепиндорад.

– Танҳо бегонагонанд, ки хоинонро пазиро мешаванд ва фақат миллати ноогоҳ аст, ки шарбати талхи бадбахтиҳоро худ бар гулӯи тақдираш мерезад…

(Луқмон Бойматов; панде аз маҷмӯаи “Писари Замон”)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти боғбон, суфӣ, фақеҳ ва алавӣ
Ниёишҳои рамазонӣ

Матолиби пурбоздид