Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад

Таҳлили хабарӣ

Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад

Ёддошти Сайфулло Муллоҷон

Устод Айнӣ: «Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад».

Як маълумот барои касоне ки намедонанд ва ё фаромӯш кардаанд.

Аз вақте ки истеъмори ҷаҳонӣ барои ғасби олам камар баст, сарзамине намонд ки қадами наҳси онҳо нарасида бошад. Тамоми кишварҳои Осиё, Африқо, Амрико (ҳатто ҳамин Иёлоти муттаҳида) ва Австралия ба мустаъмара табдил ёфтанд. Баъзе кишварҳо комилан мустаъмара шуданд (мисли Ҳиндустону Осиёи Миёна) баъзе кишварҳо ниммустаъмара гаштанд (чун Эрон). Сарнавишти ғамангези истеъмори ҷаҳонӣ, ки бо ғуломфурӯшиву тороҷу таҷовуз ва ҳатто наслкушии бемисл ҳамроҳ буд, саҳифаи сиёҳи таърихи башар аст. Намунааш қатли оми бумиёни амрикост. Соли 2011 дар як семинари таърихшиносон иштирок доштам. Як муаррихи амрикоӣ, ки аз боқимондаи бумиён буд, вақте аз ин трожедӣ сухан мекард, чанд бор рӯяшро бо дастонаш мепӯшиду, лаҳзае пас медидем, ки селоби ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегашт. Ҳатто ин сухани ӯ дар ёдам монда, ки ба аҳли толор ки ҳама сафедпӯстон буданд, нигоҳ карда гуфт: “Нороҳат нашавед, аммо ман ба ҳамаи сафедпӯстон нафрат дорад, зеро ҳамқавмони маро бо бераҳмӣ куштанду сарзаминашро аз ӯ рабуданд!”

Дар асри 19 дар қудрати Эрон хонадони Қоҷор салтанат дошт, ки шоҳони он беурзаву айёш буданд. Зери таъсири Британия ва рӯзномаҳое ки бо ишораи он дар Мисру Усмониву Ҳинд нашр мегаштанд, шоҳи Эрон маҷбур шуд дар кишвар Маҷлис (порлумон) таъсис диҳад. Русия аз шимол ва Британия аз ҷануб Эронро таҳти фишор гузошта, соли 1907 онро байни худ тақсим карданд. Аммо ин ҳамранги бо Британияву қисман Русия низ шоҳи Қоҷорро наҷот надод ва дар соли 1925 бо ёрии Британия Ризохони афсар, ки баъд Ризошоҳ шуд, ба қудрат расид.

Ризошоҳ, ки барои дудмони худ исми Паҳлавиро баргузид, меъмори Эрони навин аст. Бонку рӯзномаву роҳи оҳану донишгоҳро ӯ ба Эрон овард. Ризошоҳ таҳқиру тавҳини ангилисҳову русҳо дар ҳаводиси як қарни охир ва хусусан тақсимоти соли 1907-и Эрон аз ҷониби ду кишварро фаромӯш накарда буд. Бо қудрат ёфтани Ҳитлер дар Олмон Ризошоҳ ба ҷониби ӯ майл кард ва соли 1936 номи кишварро, ки то он дам Порс (Персия) хонда мешуд, Эрон кард (шояд бо машварати давлати Ҳитлер: Ба ёд оред идеология ориёпарастии Олмони нозиро). Ин ҳаракати ӯ ва рафту омади кормандони хадамоти гуногуни Олмон хашми мутаффиқин – Британия ва Шӯравиро овард ва соли тобистони соли 1941 Ризошоҳи ҳамеша моил ба Аврупоро мутаффиқин аз тахт барканор карда, ба як гӯшаи дурдаст дар Африқои Ҷанубӣ табъид карданд. Ӯ ҳамон ҷо дар хориву зорӣ ба ёди Эрон ҷон дод.

Писари бистсолааш Муҳаммадризоро ба ҷойи ӯ гумоштанд. Писар, ки саранҷоми падарро хуб медонист, солҳо бар муроди Британия ва сипас ИМА кор кард, беҳтарин робитаро бо Исроили навтаъсис барқарор сохт. Ҳамин кишварҳои ғарбӣ қарор карданд, ки дар Эрон нерӯгоҳи ҳастаӣ бунёд карда шавад. Кор ҳам оғоз шуд. Эрон, ки яке аз содикунандагони нафт дар ҷаҳон буд, ба дунболи қудрати минтақаӣ шудан уфтод. Солҳои 70-ум, Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки сарвати ҳангуфт аз даромади нафт ба даст оварда буд, ба натиҷае расид, ки бояд истиқлоли бештар дошта бошад. Хостори хариди саҳмияҳои компанияҳои бузурги ҷаҳонӣ шуд ва шуруъ ба гузарондани ислоҳоти кишоварзиву иҷтимоӣ кард. Ҳамин кор сари ӯро хурд ва боз ҳамин гургони истеъмор – Британия ва ИМА (бо ҳамоҳангии дигар ёрони аврупоии худ) ба натиҷае расиданд, ки ин шоҳро низ бояд барандохт, ки “дарди сар мешавад”. Иттиҳоди Шӯравӣ низ аз моҷароҷӯиву дасисаҷӯӣ дар Эрон канор намонд. Он ҷо ҳизби Туда бо ормонҳои марксистӣ фаъъолият мекард, ки дар инқилоби соли 1979, ки ба барандозии шоҳ мунҷар шуд, нақши калидиро дошт. Ҳамин тавр, шоҳ суқут кард ва руҳониён сари қудрат омаданд.

Сарвари руҳониён Оятуллоҳ Хумайнӣ аз Фаронса, ки солҳои охир дар он ҷо паноҳандагӣ дошт, ба Эрон омад. Истеъмори ҷаҳонӣ (Британия, Фаросна, ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ) ҳар кадом бо аҳроме фишор мехостанд муллоҳои содаву умре давлатнадидаро зери нуфузи худ оранд. ИМА ҳатто шоҳи ғарбгарои сарнагуншуда Муҳаммадризо Паҳлавиро ба кишвараш роҳ надод, то мавриди хашми режими ҷадид нашавад. Фаронса низ, ки дар илму фарҳангу мошинсозии Эрони онзамон нақши калидӣ дошт, ба умед буд. Британия гумон дошт, хидматҳои ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки раҳбари блоки шарқ буд, аз инқилоби зиддиимпериалистии Эрон истиқбол карда, шиорҳои зиддиғарбиву зиддиамрикоии инқилобиёни Эронро таблиғ мекард (барномаҳои вижаи радио ва телевизиони Шӯравӣ, ки падари худобиёмурзам пайгирӣ мекарданд, дар ёди мани он замон 8 сола низ нақш бастааст). Раҳбари инқилоби Эрон Хумайнӣ бо шиори “на ғарбӣ, на шарқӣ” пушт ба ҳар ду блок кард ва роҳи истиқлоли Эронро пеш гирифт. Ин ба намояндагони шарқу ғарб ки ҷаҳонро пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум миёни худ тақсим карда буданд, хуш наёмад. Як сол пас аз инқилоб бо таҳрику ёрии низомии ИМА ва Шӯравӣ Ироқ ба Эрон ҳамла кард ва буду набуди Эрон дар ин ҷанг барбод шуд. Аммо шерони эронӣ ба по хостанд ва дар давоми ҳашт соли дифоъ хоки Эрон аз таҷовузи лашкари Саддом ҳифз гардид.

Давраи бозсозии баъдиҷангии Эрон шуруъ шуд. Ғарб ҳам даст ба кор шуду шуруъ кард ба таҳрими Эрон. Аввалин таҳримро амрикоиҳо соли 1980 нисбати Эрон ҷорӣ карда, додани қарзро ба ин кишвар мамнуъ сохтанд. Дар давоми 45 соли охир ин кишвар дар шароити сахти таҳримҳо, ки тадриҷан шиддат мегирифт, қарор дорад. Аммо Эрони истиқлолхоҳ зери бори ин таҳримҳо нарафт ва истиқлоли худро ҳифз кард. Шояд ҳеч кишвари ҷаҳони ислом мисли Эрон сарфарозу истиқлоёфта набошад. На ҷузви созмони низомӣ аст (ҳамчун Туркия), на вобастаи ягон қудрати дигар (мисли Сурия ва Кувайт). Мисри як замон қудратманд аз вақти бастани паймони Кэмп-Девид на дар миёни кишварҳои арабӣ ва на дар ҷаҳони ислом обруву нуфузе надорад. Чанд рӯз қабл “Алҷазира” навореро нишон медод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи мисрӣ намегузоштанд мусулмононе ки мехостанд ба гурӯснагони Ғазза маводи ғизоӣ таҳвил диҳанд, вориди марз шаванд. Аз хашми ИМА ва Исроил! Режими кунунии Туркия, ки бо шиори “исломгароӣ” ба қудрат расид, фаромӯш кардааст, ки пас аз Эрон ҳатман навбати ӯ мерасад. Инро фаромӯш накунем! Истеъмори ҷаҳонӣ ҳамаи кишварҳои мусулмониро, ки сару сомоне пайдо кунанд,ба хоку хун менишонад. Дирӯз Ироқу Либиву Сурия, имрӯз Эрон ва фардо навбати дигарон! Барои барандозӣ ҳам шиорҳои гуногунро матраҳ мекунад: якеро диктотур мехонаду дигареро ба сохтани яроқи ҳастаӣ муттаҳам месозад.

Ба мардуми Эрон сахт гузашт ва мегузарад. Ғарб намехоҳад бифаҳмад, ки ЭРОН ИСТИҚЛОЛ МЕХОҲАД! Устод Садриддин Айнӣ сад сол пеш дар як мақолаи худ роҷеъ ба истеъморситезиву озодипарастии мардуми Эрон ин сухани таърихиро навишта буд, ки “Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад”. Пас ҳар эронӣ ки дар таърих ба қудрат расид, фикри истиқлол доштаву хоҳад дошт! Эрони имрӯз ҳам аз истиқлоли худ дифоъ мекунад.

Баъзе ҳамватанони мо дар ҳамин шабу рӯзе ки масъалаи буду набуди Эрон ҳал мешавад, хомтабъонаву душманмаобона аз вуҷуди режиме “нохуб” дар кишвари ҳамзабони мо сухан мекунанд. Инҳо фикр мекунанд, ки агар охунд рафту як галстукдор омад, истиқлолу озодиву рифоҳ ба дунболаш мерасад! Магар раҳбари Урдун бо либоси аврупоиву хонумаш Рания Абдулло мисли як зани фаронсавӣ либос ба бар надорад? Аммо куҷост истиқлоли ин кишвар, ки бе иҷозати ғарбиҳо як қадам барнамедоранд. Ё кишварҳои Саудиву Қатар магар низоми демократӣ ё ҷумҳурӣ доранд? Барои истеъмори қадиму ҷадид дар муносибат бо кишварҳои ҷаҳони ислом як асл вуҷуд дорад – ТУ БОЯД БОҶ ДИҲӢ! Сарнавишти режими Эронро мардуми он таъйин мекунад. Имрӯзу ин соат вақти гуфтани ин ҳарфҳо нест. Мо қудрати низомии ба бародари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ ёрӣ расондан надорем. Ҳамин ки давлат ва мардуми мо ҳамраъйи Эронанд кори каме нест. Душман душман аст, чи бо парчами сиёҳ ояд чӣ бо сабзу сафед. Душман ба ҳарими хоки Эрон таҷовуз карда! Кадом душман бар ҳукумате пирӯз шуду мардуми онро озодӣ бахшид? Искандар? Қутайба? Чингизхон? Ё Ленине ки дар рӯзҳои нахустини инқилобаш бо эъломияе “Ба мусулмонони шарқ” муроҷиат карду пас аз пирӯзӣ на ба сарзамине истиқлол доду на мардумеро озод гузошт!? Ё амрикоиҳо ки дар Хуросон толибро ба қудрат нишонданд, магар онҳоро ҳамин тур раҳо кардаанд? Гурӯҳе ки бо шиорҳои исломӣ қудратро ғасб карда, бар парчами худ шаҳодатайнро навишта, на дар қазияи мусулмонони Ғазза, на дар дифоъ аз ҳамсоякишвари худ Эрон наметавонад лом гӯяд! Чун вобаста асту қудратро аз истеъмор гирифта!

Иддае аз эрониёни фурӯхташудаву беҳувият ба ҷои синаро сипар кардану дар муқобили душман истодан, каф мезананду бо аду ҳамкорӣ мекунанд. Руятон сиёҳ! Намунааш ҳамин писари кавдани Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки рӯзе падарашро ғарбиҳо кидат карданду дарбадар сохтанд. Ӯ чанде пеш зери девори нудба дар Қудси ишғолӣ ҳамранги яҳуд шудаву ба сар кипа гузошт. Акнун бо ёрии онҳо мехоҳад кишварашро “озод” кунад. Хок бар даҳонат лошахор!

Ин рӯзҳо мегузаранду Эрон мемонад. Ҳарчанд имрӯз Эрон танҳост! Эронӣ низ пойбарҷост! Як ҳамватани мо аз Эрон навишт, ки тааҷҷуб мекунам аз сабру истиқомати эрониён, гӯё чизе нашуда бошад, ҳама механданду аз пирӯзӣ ҳарф мезананд. Эронӣ дар сарзамини худ ба сар мебарад. Онҳоро ҳамчун яҳудиҳо кишварҳои пирӯзи ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бардошта оварда бо номи Исроил дар қалби Шарқ ҷой накарда, мусаллаҳ насохтаанду ҳамчун саги ҳор раҳо накардаанд. Дар ҳафтоду анд соли таъсиси худ Исроил 6 бор (1948, 1956, 1967, 1982, 2006, 2023) бо ҳамсоягон ҷангида, кишварҳояшонро хароб ва мардону занонашро кушта. Шуруъкунандаи ин ҷанг ҳам Исроил аст. ИМА ҳам ҳамроҳу ҳамразму ҳамсафари он. Дар ҳимоят аз ин кишвар ҳеч чизро дареғ намедорад!

Биёед як бор сангро бар синаи худ занем. Агар кишваре бо ҳар шиоре ба Тоҷикистони мо ҳамла орад, мо бояд мубориза набарем? Мусаллаҳ нашавем? Ҷавоби бамисл надиҳем? Ба ёрии артишу сипоҳи кишвар басиҷ нагардему дар канори онҳо наистем? Ё шуруъ кунем ба кофтани иллати дохиливу гиребони якдигарро гирифтан? Поянда бод Эрон! Зинда бод Тоҷикистон!

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфуло Муллоҷон

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бар асари ҳамалоти имрӯзи Эрон: 11 кушта ва даҳҳо маҷруҳ
Исроил: Оғози оташбас

Матолиби пурбоздид