Биҳишт зери пойи модарон аст

Адаб

 

Биҳишт зери пойи модарон аст

Суханони бузургон дар бораи Модар

“Биҳишт зери пойи модарон аст.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Ҳар фарзанди некӯкоре, ки аз рӯйи шафқат ба падару модар бингарад, барои ҳар нигоҳе савоби як ҳаҷҷи мақбул ба ӯ диҳанд.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Модар, бо дасте гаҳвора ва бо дасте дигар оламро такон медиҳад.” (Нопелеун)

* * *

“Дунё ҳар чи дорад, аз ман аст ва ман ҳар чи дорам, аз модар аст.” (Тумос Эдисун (Thomas Alva Edison), мухтареъи ломп)

* * *

“Ҳар он чиро кӯдак наметавонад бигӯяд, модар мефаҳмад.” (Зарбулмасали яҳудӣ)

(Ин зарбулмасал дуруст аст, зеро як модар агар барои фарзандаш иттифоқе биуфтад ё ин ки ҳоли баччааш хуб набошад, мутаваҷҷеҳ мешавад; чаро ки модарҳо ҳиссе ба номи ғаризаи модарӣ доранд, ки Худованд дар вуҷудашон қарор додааст. Модарҳо эҳсосот ва афкори фарзандонашонро медонанд.С.И.)

* * *

“Модар, соҳиле аст, ки мо ҳамаи осебҳо ва нигарониҳоямонро дар он баҷо мегузорем. Аксари баччаҳо ҳатто навҷавонон метавонанд бепарда ва ошкор ҳамаи розҳо ва тарсҳояшонро барои модарашон бозгӯ кунанд. Модар диле барои шунидан ва фаҳмидан ва ишқе бидуни шарт дорад.” (Питер Де Вриес (Peter De Vries))

* * *

“Ин як қоъидаи куллӣ аст, ки ҳамаи мардони барҷаста, авомили бартарии худро аз модаронашон ба ирс мебаранд.” (Жул Мишеле (Jules Michelet))

* * *

“Ҳеч гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбед.” (Болзок)

* * *

“Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Ӯ дар хашми эшон аст.” (Имом Содиқ (а))

* * *

“Ба ҷурми ин ки биҳишт зери пояшон буд, дунёро барои худ ҷаҳаннам карданд.” (Гӯяндаи ин ҳикмат як инсони маҷҳул аст.)

* * *

“Як модар метавонад коре кунад, ки ҳеч кас интизори анҷоми онро надорад. Ҳамл, ба дунё овардан ва нигаҳдории як кӯдак, кори осоне нест. Фидокориҳое, ки як модар дар муроқибат аз баччаҳояш мекунад, варои тавоноиҳо ва қобилиятҳои ӯст, ки комилан ҳайратовар аст. Ба ҳамин далел аст, ки дар зиндагиямон лақаби занони бартар ва модарони бартарро ба онҳо медиҳем…” (Морюн Горети (Marion Garretty))

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаким Суҳравардӣ
Славой Жижек – файласуф ва андешманди нобиға

Матолиби пурбоздид