Бобоҷон Ғафуров: Падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам!

Таърих

Бобоҷон Ғафуров: Падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам!

Бобоҷон Ғафуров: “Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам.”
Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946—1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:
“Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам…”
Нақли устод Муҳаммадҷон Шакурӣ
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Марги боиззат беҳтар аз зиндагии бозиллат
Эҳтиром ниҳодан ба ҳамсар

Матолиби пурбоздид