Боздиди раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз Музеи Торихи Ҳизби Коммунистии Чин
Ахбори минтақа
Рустами Эмомалӣ аз Музеи Торихи Ҳизби Коммунистии Чин боздид ва бо намунаҳое аз осор ва асноди торихии марбут ба торихчаи таъсиси ҳизб ва давраҳои ташкили он ошно шуд.
Ин музе дар соли 2021 шурӯъ ба кор кардааст ва беш аз 2500 акс, 3500 санади торихӣ ва мавориди дигар дар он ба намоиш гузошта шудааст.
Музеи Торихи Ҳизби Коммунистии Чин беш аз 147000 метри мураббаъ масоҳат дорад ва яке аз бузуртарин музеҳои дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми Чин аст.
Қаламонлайн