Таъкиди узви Комиссияи амниятии порлумони Эрон ба чанд маврид дар матни тавофуқ
Ахбори байналмилал
Набавиён бо ишора ба чанд маврид, гуфтааст, агар ин шароит дар матни тавофуқ лиҳоз нагардад, ин тавофуқ хасорати маҳз хоҳад буд.
Узви Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Ҷ.И.Эрон: “Бидуни вуҷуди ин шароит дар матни тавофуқ бо Омрико, ин тавофуқ хасорати маҳз аст”
Сайидмаҳмуди Набавиён, узви Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар Х навишт:
“Агар дар матни тавофуқ бо душман, ҳокимияти тангаи Ҳурмуз, ғаромати ҷанг, рафъи ҳамаи таҳримҳо, ахзи авориз, таҳвили пулҳои масдудшуда, хуруҷи душман аз минтақа, пазириши ғанисозӣ, замонати мадди назари Эрон набошад, ин тавофуқ хасорати маҳз аст ва пирӯзии миллати Эронро ба шикаст табдил мекунад”.
Қаламонлайн













