“Бозии бузург” алайҳи Русия
Нигоҳи ғарб ба Осиёи Миёна дар “Бозии бузург” алайҳи Русия
Коршиносон мӯътақиданд, ғарб дар бозии худ барои ҳифзи султа дар ҷаҳон, на танҳо аз Киев, балки аз Осиёи Миёна низ истифода мекунад.
Ба гузориши Сentrasia, Виктория Гунгер – коршиноси масоили сиёсӣ, мӯътақид аст, дар воқеъ ғарб дар бозии худ барои султа дар ҷаҳон, на танҳо аз Киев, балки аз Осиёи Миёна низ истифода мекунад.
Вай ба суханони Владимир Путин, дар Думаи давлатӣ ишора кард, ки гуфта буд: Натиҷаи ниҳоии амалиёти низомӣ дар Украина, дар ҳар сурат, ба даст хоҳад омад. Гуфта мешавад, мо ҷангро дар Донбас, дар Украина оғоз кардем. На! Ин ҷанг, тавассути ғарбиҳо ва сардамдорони ғарбӣ созмондеҳӣ ва ҳимоят мешавад ва он аз як кудатои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ дар Украина дар соли 2014 оғоз шуд, ки ба ташвиқу тавҷеҳи наслкушӣ алайҳи мардум дар Донбас анҷомид. Ин ҳамон таҳрики сардамдорони ғарб аст, ки муқассири мустақими иттифоқоти имрӯз дар Украина ҳастанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн