Бозтоби иқдоми Раҳмон аз нигоҳи коршиносон

Бозтоби иқдоми Раҳмон аз нигоҳи коршиносон

Назари коршинос

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Владимир Путин раиси давлати Русия хост то бо кишварҳои Осиёи Миёна монанди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ рафтор накунанд.

Ҳамон тавре ки пешбинӣ мешуд ва дар таҳлилҳо зикр шуда буд, бемайлии Тоҷикистон ба Русия рӯз ба рӯз худро намоён мекунад; ин сухан ва навъи лаҳни Эмомалӣ Раҳмон бо хитоби мустақим ба Путин, дар шабакаҳои маҷозӣ бо вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст ва ин саволро дар зеҳни корбарони русӣ ва ғарбӣ эҷод кардааст, ки ин бетаваҷҷуҳиҳои чанд моҳи ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Русия бо чӣ пуштибоние сурат мегирад?

Нозирони минтақа, интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро нишонаи аз даст додани тадриҷии қудрати Путин ва Русия ба далели лашкаркашии ин кишвар алайҳи Украина таҳлил мекунанд.

Мушаххас аст, ки зоҳиран ҷанг миёни Русия ва Украина буд, аммо ҳақиқатан ин ҷанг, миёни Амрико ва Русия аст ва Украина танҳо қурбони ин ҷанг шуд, ки дар ниҳоят Аврупо ҳам қаҳран маҷбур ба пардохти ғаромати ин ҷанг шудааст. Борҳо ба исбот расидааст, ки Амрико аз тариқи ҷангафрӯзӣ, фурӯши силоҳ ва эҷоди ноамнӣ, илова бар дастёбӣ ба нуфуз ва султагарӣ, сарвати азимеро ба худ ихтисос додааст.

Аммо чунончи аз қабл дар таҳлилҳо зикр карда будем, аз замони оғози даргириҳои Русия бо Украина, ки парешонӣ ва аз даст додани нуфуз дар минтақаро барои Русия дар пай дошт, барномаи Амрико барои нуфуз ва эҷоди ҷои по дар Осиёи Миёна, сареан вориди фози амалӣ шуд. Сармоягузориҳои густарда тавассути Амрико ва Арабистон дар Тоҷикистон дар ҳоли анҷом аст. Тасҳили судури визои кории Амрико барои тоҷикҳо, бахшидани ҳавопаймоҳои хориҷшуда аз Афғонистон ба Тоҷикистон, бозсозии посгоҳҳои марзӣ, таҷҳизи артиши Тоҷикистон… ва ҳоло шоҳидем, ки яке аз аслитарин бозичаҳои барномаи васеи Амрико дар минтақаи Осиёи Миёна, Тоҷикистон аст.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дифоъ аз иззати миллӣ ё дифоъ аз манфиати шахсӣ?
Форсиситезӣ; чаро ва ба чӣ манзур?

Матолиби пурбоздид