Боязиди Бастомӣ кист?
Торих
Абӯязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурӯшони Бастомӣ, маъруф ба Боязиди Бастомӣ, мулаққаб ба Султонулорифин, бузургтарин орифи қарни севвуми ҳиҷрӣ, аз аҳолии Эрон ва аз бузургони аҳли тасаввуф ва ирфони исломӣ аст.
Таърихи таваллуди ӯ ба дурустӣ мушаххас нест ва марги ӯро соли 261 ё 234 ҳиҷрӣ донистаанд. Боязид аз наводагони як хонаводаи зартуштӣ буд, ки дар замони зиндагии падарбузургаш – Сурӯшон ба ислом гиравида буданд. Бештари зиндагии худро дар зодгоҳаш Бастом гузаронд. Шавоҳиди таърихӣ аз зиндагии ӯ бисёр андак аст. Ӯ дар маҳаллаи Бастом маъруф ба Мӯбадон ба дунё омад, аммо ба маҳаллае арабнишин ба номи Вофидон нақли макон кард, ки баъдҳо ба ифтихори ӯ Бӯйдон ном гирифт.
Ӯ фиқҳи ҳанафияро омӯхт ва ҳаддиақал як бор ба зиёрати Макка рафт. Ба назар мерасад, ки ӯ бештари умри худро дар гӯшанишинӣ, дар хона ва масҷид дар Бастом гузарондааст. Бо ин ҳол, маъруф аст, ки ӯ ҷаласоти омӯзишӣ баргузор карда.
Устоди ӯ дар тасаввуф мушаххас нест. Ишқи ирфонӣ дар ирфони Боязид ҷойгоҳи вежае дорад. Ҳамчунин ӯро поягузори сукру фано дар тасаввуф медонанд. Гуфтаи машҳури вай:
سبحاني ما أعظم شأني
– ишора ба ҳамин мафҳум дорад.
Боязиди Бастомӣ дар соли 261 даргузашт ва ӯро дар хонақоҳи вай (дар Бастом) дафн карданд.
Боязиди Бастомӣ беш аз дигарон дорои шӯҳрат ва аҳаммият буда ва рафтору гуфтораш дар ҳамаи мардони роҳи Ҳақ таъсир кардааст, ба ин ҷиҳат достонҳо ва суханони ӯ беш аз ҳар сӯфӣ ва орифе дар кутуби сӯфия ва урафо омадааст ва махсусан дар осори манзуми ирфонӣ монанди осори Аттор ва Маснавии Мавлавӣ бештар ҷилвагар аст.
Фаридуддини Аттор дар “Тазкиратул-авлиё” бахшеро ба зикри шарҳи ҳол ва ақволи Боязид ихтисос дода ва ин миқдор тафсил дар бораи сӯфӣ ва орифе дигар дар он китоб ба назар намерасад. Аттор дар оғози шарҳи ҳоли ӯ менависад:
“Он халифаи илоҳӣ, он даъомаи номутаноҳӣ, он султонул-орифин, он ҳуҷҷатул-Ҳаққи аҷмаъин, он пухтаи ҷаҳони нокомӣ, шайх Боязиди Бастомӣ – раҳматулоҳи алайҳ – акбари машойих буд. Ва ҳуҷҷати Худой буд ва халифаи баҳақ буд ва қутби олам буд ва марҷаъи автод ва риёзот ва каромот ва ҳолот. Ва калимоти ӯро андоза набуд ва дар асрору ҳақоиқ назаре нофиз ва ҷидде балиғ дошт. Ва доим дар мақом ва ҳайбат буд, ғарқаи унсу муҳаббат буд ва пайваста тан дар муҷоҳада ва дил дар мушоҳада дошт. Ва ривоёти ӯ дар аҳодис олӣ буд ва пеш аз ӯ касеро дар маъонии тариқат чандон истинбот набуд, ки ӯро гуфтанд, ки дар ин шева ҳама ӯ буд, ки илм ба саҳро зад ва камоли ӯ пӯшида нест, то ба ҳадде, ки Ҷунайд гуфт: Боязид дар миёни мо чун Ҷаброил аст дар миёни малоика.”
Нақл аст, ки чун модар ӯро ба мактаб фиристод, дар сураи Луқмон ба ин оят расид:
أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ
Яъне шукр гӯй маро ва шукр гӯй модару падарро. Чун маънии ин оят бидонист, назди модар рафт ва гуфт:
“Дар ду хона кадхудоӣ чун кунам, ё аз Худо дархоҳ, то ҳама они ту бошам ё маро ба Худо бахш, то ҳама они ӯ бошам. Модар гуфт: туро дар кори Худо кардам ва ҳаққи худ ба ту бахшидам.”
Пас, Боязид аз Бастом берун рафт ва 30 сол дар Шом ва Шомот мегашт ва риёзат мекашид.
Ҷунайди Бағдодӣ дар мавриди ӯ мегӯяд:
“Боязид дар миёни мо чун Ҷибрил аст дар миёни малоика”.
Ибни Арабӣ дар “Футуҳоти Маккия” мегӯяд:
“Рӯзе Боязид мегӯяд: “Шумо илм худро аз мурдае дигар гирифтаед. Аммо илми мо аз он он зиндае аст, ки намемирад. Агар инсон ҳадафи худро ба сӯйи чизе, ки офаридгори ӯ мехоҳад мунъатиф кунад, ба оромиш даст меёбад.” Аз Абӯязиди Бастомӣ пурсиданд: “Чӣ мехоҳӣ?” Ҷавоб дод: “Хоҳам, ки чизе нахоҳам.” Ба баёни дигар хостааст бигӯяд: “Маро ту чунонки хоҳони ҳама чиз ҳастам қарор деҳ.” Яъне чизе ҷуз он чи Худо мехоҳад намехоҳӣ, ки Худо барои бандагони худ хостори оромиш аст, на сахтӣ. Аз Боязид пурсиданд: “Чӣ гуна субҳ кардӣ?” Ҷавоб дод: “Маро рӯзу шабе нест, рӯзу шаб танҳо барои касе аст, ки ба сифате муттасиф шавад ва ҳол он ки ман фоқиди сифатам”, чунончи Ибни Арабӣ ҳам худро саранҷом инчунин бесифат ва фоқиди мақом муаррифӣ мекунад.”
Боязиди Бастомӣ ҷойгоҳе бас воло дар ирфон дорад ва дар Худошиносӣ ва тавҳид суханони зебое дорад, ки орифм бузург ва номим Эрон Фаридуддини Аттори Нишопурӣ бархе аз суханон Боязидро дар китоби “Тазкиратул-авлиё” овардааст, ки дар зайл ба гузидаи ин суханон ишора мешавад:
– 30 сол Худойро ёд кардам. Чун хомӯш шудам, бингаристам, ҳиҷоби ман зикри ман буд;
– Худойро бандагонанд, ки агар биҳишт бо ҳама зинатҳо бар эшон арза кунанд, эшон аз биҳишт ҳамон фарёд кунанд, ки дӯзахён аз дӯзах;
– Камоли ориф сӯхтани ӯ бошад дар дӯстии Ҳақ;
– Яке васият хост. Гуфт: бар осмон нигар! Нигаҳ кард, гуфт: медонӣ ин кӣ офаридааст? Гуфт: донам. Гуфт: он кас, ки офаридааст ҳар ҷо, ки бошӣ, бар ту мутталеъ аст. Аз ӯ бар ҳазар бош. Ва гуфт: ориф он аст, ки дар хоб ҷуз Худой набинад ва бо кас ҷуз аз вай мувофиқат накунад ва сари худ ҷуз бо вай нагушояд.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн