Саъдинома – Бӯстони Саъдӣ

Фарҳанг

Саъдинома – Бӯстони Саъдӣ

Муаррифии китоб

“Саъдинома” ё “Бӯстон” муҳимтарин асари Саъдии Шерозӣ ва бузургтарин маснавии ахлоқиву тарбиявии форсӣ-тоҷикӣ ва самараи завқу андешаҳои баланду инсонсози Саъдист, ки дар канори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Румӣ аз намунаҳои зеботарин маснавӣ буда, на танҳо дар адабиёти мо, балки дар ҷаҳон “шоҳкор” унвон гирифтааст.

Бино бар назарсанҷиҳо, “Бӯстон” дар шумули сад асари бартару беназири ҷаҳон эътироф гардидааст.

Саъдӣ аз “Бӯстон” ба унвони “номбурдор ганҷ” ёд мекунад, ки он беш аз чаҳор ҳазор байтро фаро мегирад.

Ин ҳам аз мартабату мақоми рафеи “Бӯстон” аст, ки донишмандону соҳибназарони сарзаминҳои гуногун онро бо муҳаббат баргардон намудаанд ва бо шавқу ҳавас шарҳу тафсирҳояш навиштаанд, (танҳо дар китобхонаҳои Покистон имрӯз беш аз 150 шарҳу тафсир ва фарҳанги вожагони “Бӯстон” мавҷуду маҳфуз аст).

Инак шарҳи нахустини “Бӯстон” дар Тоҷикистон бо сабки равону барои умум писандида таҳияву тадвин шуд, ки ҳар кас аз мутолиаи он файзу баракат хоҳад бурд.

Асар аз ҷониби Обиди Шакурзода мавриди шарҳ қарор гирифта бо дастгирии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик, соли 2021 чоп шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боязиди Бастомӣ кист?
Меравад ашкам чу руд…

Матолиби пурбоздид