Бритониё: “Эҳтимол дорад базудӣ кишвари Фаластинро ба расмият бишносем”
Ахбори байналмилал
Вазири умури хориҷаи Бритониё аз эҳтимоли иқдоми кишвараш дар ба расмият шинохтани кишвари Фаластин пеш аз дастёбӣ ба тавофуқи сулҳ бо режими Исроил дар мавриди роҳи ҳалли дукишварӣ хабар дод.
Ба гузориши Ожонсии Anadolu, Дэвид Кэмерон, вазири умури хориҷаи Бритониё, рӯзи панҷшанбе дар як изҳори назари матбуотӣ барои хабаргузории Associated Press-и Омрико дар ҷараёни сафараш ба Лубнон бо ҳадафи коҳиши таниши кунунӣ дар минтақа, эълом кард, ки мумкин аст кишвараш пеш аз дастёбӣ ба тавофуқи сулҳ бо Исроил дар мавриди роҳи ҳалли дукишварӣ, кишвари Фаластинро ба расмият бишносад.
Вазири умури хориҷаи Бритониё дар ин бора изҳор дошт: “Бритониё мумкин аст кишвари Фаластинро пас аз барқарории оташбас дар навори Ғазза ба расмият бишносад бидуни он ки мунтазири натиҷаи музокироте бимонад, ки имкон дорад солҳо миёни Исроил ва фаластиниён дар бораи роҳи ҳалли дукишварӣ идома ёбад.”
Камерун ҳамчунин тасреҳ кард: “То замоне, ки Ҳамос дар Ғазза боқӣ бимонад, наметавон кишвари Фаластинро ба расмият шинохт, бо ин ҳол чунин иттифоқе метавонад рух диҳад, дар ҳоле, ки музокироти Исроил бо раҳбарони фаластинӣ идома дорад.”
Ба гуфтаи Камерун, ба расмият шинохтани кишвари мустақилли Фаластин аз сӯйи кишвараш “наметавонад дар оғози ин раванд рух диҳад бо ин ҳол набояд то поёни он низ мунтазир монд”.
Вазири умури хориҷаи Бритониё дар идома низ хотирнишон сохт, ки ин эҳтимол, барои сулҳ ва амнияти баландмуддат дар минтақа бисёр ҳаётӣ аст.
Қаламонлайн