Бройон Трейси дар бораи сармоягузорӣ

Бройон Трейси дар бораи сармоягузорӣ

Иқтисод ва рушд

“Тафаккур ва нигариши мусбат нисбат ба худ, яке аз беҳтарин роҳҳои эҷоди худбоварӣ ва эътимод ба нафс (эътимод ба худ) аст”.

“Яке аз ҳушмандонатарин сармоягузориҳое, ки метавонед анҷом диҳед, ин аст, ки ҳар моҳ, байни 3 то 5 дарсад аз даромадатонро рӯи омӯзиш ва беҳбуди маҳоратҳои молии худ сармоягузорӣ кунед.

Беҳбуди маҳоратҳо, яъне ҳар рӯз, пеш рафтан. Муҳим нест, ки ин қадамҳои рӯзона чӣ қадар кучак ҳастанд; балки муҳим дар ин миён, пойбандӣ ба як рушди пайваста аст. Агар ин омӯзиш дар заминаи пешрафти ҳуши молии шумо бошад, шумо ҳар рӯз сарватмандтар аз қабл хоҳед шуд. Чун бар асари он омӯзишҳо биниши шумо ба пул, бо тағироти асосӣ рӯбарӯ хоҳад шуд”.

“Ёдгирии мудовим (бодавом), аввалин шарт барои муваффақият дар заминаест, ки дар он фаъолият мекунед.

Пайвастагӣ дар ёдгирӣ, он ҳам ёдгирии тахассусӣ, як нуктаи калидӣ барои пирӯзӣ дар касбу кор ва зиндагӣ аст. Дар ин рӯзгор ба ҷои ҳама чиз будан ва ҳама чиз фурӯхтан, бояд дар як заминаи хос амиқ шавед ва фаъолият кунед”.

“Шумо бояд корҳои хеле-хеле зиёде анҷом диҳед, талошҳои кучаку пайвастае, ки ҳеч кас онҳоро намебинад, ё арзиши онҳоро дарк намекунад; то ба муваффақияти арзишманде даст пайдо кунед”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ваъдаи худро вафо накард…
Шукрона

Матолиби пурбоздид