Бурҳони сиддиқини Буалӣ Сино
Бурҳони Сиддиқин чист?
Бурҳони Сиддиқини Бӯалӣ Сино ба вуҷуди Худо, муҳкамтарин ва устувортарин далел аст.
Дар ин ёддошт, саъй мекунам, ин бурҳонро ба забоне содда ва бидуни ба кор бурдани истилоҳоти печидаи фалсафӣ шарҳу тавзеҳ бидиҳам, зимни баёни чанд нукта:
1) Ин бурҳон, як бурҳони фалсафӣ ва марбут ба зеҳни инсон аст, яъне қобили интиқол аст, дуруст мисли масоили математикӣ аст. Яъне мисли таҷрибаҳои динӣ шахсӣ нестанд, ки фақат барои соҳиби таҷриба ҳуҷҷат бошад, на, балки ҳамагонӣ аст.
2) Барои фаҳми дақиқи он, аввал мебоист чанд муқаддимаи печидаи фалсафӣ баён шавад, аммо ҳадафи ман дар ин ёддошт аз баёни он, як фаҳми аввалӣ аст, яъне мехоҳем бидонем Бӯалӣ Сино чӣ мехоҳад бигӯяд, на фаҳми дақиқи он. Бинобар ин, аз баёни он муқаддимаҳои печида худдорӣ мекунам.
3) Ибни Сино мехоҳад бигӯяд, барои исботи Худо, ниёз нест одам роҳи дуру дароз тай кунад, балки кофӣ аст худи вуҷуд ва ҳастиро, ки ҳеч шакке дар он нест, мавриди диққат ва баррасӣ қарор диҳад, яъне дар он нек тааммул кунад.
Мегӯяд, воқеияти олам ҷуз ҳастӣ ва вуҷуд нест, адам ва нестӣ ҷуз дар зеҳни инсон таҳаққуқ надорад, яъне чизе аст, ки зеҳни инсон онро сохта, ҷояш фақат зеҳн аст, хориҷ аз зеҳн фақат вуҷуд ва ҳастӣ аст. (Албатта, вуҷуд ва ҳастӣ фақат маҳдуд ба вуҷуди моддӣ нест, яъне вуҷуд = модда нест, ин мадди назаратон бошад).
Ҳол, мавҷудот ва ҳастҳое, ки оламро пур кардаанд, ҳама машрутанд, яъне ҳама вобаста ҳастанд, ҳеч як мустақил нест; вуҷуди ҳар як вобаста ба садҳо ва ҳазорон “агар” аст. Масалан, вуҷуди худи шумо чунин аст, ки “агар” падару модаратон набуданд, шумо набудед, тоза агар буданд, вале бо ҳам алоқаи ҷинсӣ надоштанд, боз ҳам набудед ва ба ҳамин тариқ ҳазорон “агар”. Яъне вуҷуд ва будани шумо, вобаста аст ва ҳамчунин тамоми он чи мебинед, аз офтобу сайёраҳову каҳкашонҳову ҳама ва ҳама бидуни истисно, машрут ва вобастаанд.
Ва аз сӯйи дигар, маҳол аст кулли ҳастӣ, аз мавҷудоти машрут ва вобаста ташкил ёфта бошанд, ин маҳол аст. Балки бояд дар маҷмӯи ҳастӣ, мавҷуде бошад, ки вобаста нест, машрут нест, рӯйи пойи худ истода ва бақияи машрутҳо ва вобастаҳо ҳама ба ӯ такя дошта бошанд ва ҳама вуҷудашон ва ҳастиашон аз ӯ бошад.
Ибни Сино вуҷуди мустақил ва рӯйи пойи худаш истодаро воҷибулвуҷуд медонад, яъне ҳастие, ки ҳастиаш зотии ӯст, ҳастӣ ва вуҷуди ӯ машрут ва вобаста нест, балки ҳастӣ барои ӯ, билоташбеҳ мисли шӯрӣ барои намак аст, ки шӯрӣ зотии намак аст. Аммо бақия ҳама мумкинулвуҷуданд.
Ибни Сино мегӯяд, фарзи ҳастӣ бидуни фарзи воҷибулвуҷуд, фарзи маҳол аст, имкон надорад мо ҳастиро дар маҷмӯъ ва кулл бидуни зоте, ки машрут набошад, фарз кунем, ин дуруст мисли ин аст, ки 2 зарби 2-ро масалан 7 бидонед, ки ин маҳол аст.
Ин буд баёни бисёр кӯтоҳ ва мухтасар аз бурҳони Сиддиқини Бӯалӣ Сино.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн