Суҳравардӣ кист ва “Ҳикмати Ишроқ” чист?

Таърих
Суҳравардӣ кист ва “Ҳикмати Ишроқ” чист?
Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Суҳравардӣ
Шаҳобуддин Яҳё ибни Ҳабаш ибни Амираки Суҳравардӣ мулаққаб ба Мақтул ва Шайхи Шаҳид ва Шайхи Ишроқ, дар соли 549 ҳ.қ (мусодиф бо 1154 милодӣ) дар рустои Суҳравард (аз рустоҳои шаҳристони Занҷони Эрон) мутаваллид шудааст.
Суҳравардӣ дарсҳои ибтидоиро дар маҳзари Маҷдуддини Ҷилӣ дар Мароға фаро гирифт. Сипас ба Исфаҳон — ки дар он замон яке аз марокизи муҳимми фарогирии улум ба шумор меомад — сафар кард ва дуруси олияро дар маҳзари Заҳируддини Қорӣ ба поён расонд. Шоёни зикр аст, ки Фахруддини Розӣ дар мадрасаи Исфаҳон аз дӯстони самимии Суҳравардӣ буд.
Суҳравардӣ ба шаҳрҳои мухталифи ҷаҳони ислом сафар мекард, то таҳқиқот ва маълумоти худро комил кунад ва ҳақиқатро, ки дар тамоми зиндагонияш дунболи он мегашт, пайдо кунад. Дар сафараш ба Шом (Сурия) бо Малик Зоҳир ибни Салоҳуддини Айюбӣ дидор кард. Ва аз он ҷо, ки Малик Зоҳир донишмандонро дӯст медошт ва тамоми талошашро барои гиромӣ доштани онон сарф мекард, аз Суҳравардӣ хост, то дар Ҳалаб сокин шавад. Суҳравардӣ ҳам даъвати ӯро пазируфт ва дар ин шаҳр сукно гузид.
Аз он ҷо, ки Суҳравардӣ афкор ва ҳақоиқеро, ки бештари мардум наметавонистанд дарк кунанд, бо сароҳат баён медошт, душманонаш ӯро ба зиндиқ будан муттаҳам карданд. Ба ҳамин далел, фуқаҳои замон фатвои қатли ӯро содир карданд ва Малик Зоҳир ӯро зиндонӣ кард ва дар зиндони қалъаи Ҳалаб дар соли 587 ҳ.қ мусодиф бо 1191 милодӣ (яъне дар синни 37 солагӣ) хафа карданд ва саранҷоми Суҳравардӣ ҳамон саранҷоми Мансури Ҳаллоҷ гардид.
Аз Суҳравардӣ осор ва таълифоте барҷой мондааст, ки муҳимтарини онҳо “Ҳикмати Ишроқ” мебошад.
“Ҳикмати Ишроқ”
Мактаби Ишроқ ҳам фалсафа аст ва ҳам нест. Фалсафа аст аз ин ҷиҳат, ки дар ёфтани ҳақоиқ ақлро манбаъ мешуморад, аммо ақлро танҳо марҷаъи шинохт намедонад. Ирфон аст аз ин назар, ки кашфу шуҳуд ва ишроқ (тобиши нур дар қалби инсон)-ро шарифтарин ва баландмартибатарин марҳилаи шинохт мешиносад. Ӯ ба сахтӣ бар Ибни Сино метозад ва аз куллиёт ва мусули Афлотун дифоъ мекунад. Бар ҳастишиносии Ибни Сино эрод мегирад, ки чаро изҳор дошта, ки дар ҳар шаъйи мавҷуд, вуҷуд амре ҳақиқӣ аст ва моҳият амре эътиборӣ ва барои таҳаққуқ мӯҳтоҷи вуҷуд аст?! Дар ҳоле, ки тибқи “Ҳикмати Ишроқ”, моҳият амре ҳақиқӣ аст ва вуҷуд амре эътиборӣ.
Китоби “Ҳикмати Ишроқ”, муҳимтарин асари фалсафии Суҳравардӣ, дар воқеъ ба назарияи Ибни Сино барои таъсиси “Ҳикмати Машриқӣ” ҷомаи амал пӯшонд. Ӯро зиндакунандаи ирфони ориёӣ ва падидоварандаи Ҳикмати Хусравонӣ медонанд.
Суханоне ҳикматомез аз забони Суҳравардӣ:
* Аз ҳеч чизе шигифтзада намешавӣ ҳангоме, ки бидонӣ, бахшиши Худованд поённопазир аст ва хондани Қуръон бар ту бойиста аст бад-он гуна, ки тасаввур кунӣ Қуръон танҳо барои ту нозил шудааст ва агар ин вижагиҳоро дар худат биёбӣ, ба дурустӣ, ки растгор шудаӣ.
* Ҳақиқат ягона хуршеде аст, ки чун бурҷҳои мухталифи як шаҳр ё роҳҳои ғайри аслӣ ба суратҳои мутафовите дида мешавад, вале дар асл як ҳақиқати воҳид аст.
* Ҳеч кас танҳо бо таҳаммули сахтии фаровон аҳли маърифат намешавад, магар бо маъориф ва мукошифоте, ки касб мекунад.
* Нуқтаи оғозини ҳикмат (фалсафа), буридан аз дунё, миёнаи он дидани нури илоҳӣ ва саранҷомаш расидан ба номутаноҳӣ аст.
* Ҳар кас, ки аз хаймаҳои шигифтангези биҳиштиён ба ваҷд наёяд, дар зумраи ғофилин ва ҳар кас, ки шавқи ҳузур дар меҳмонии Худовандро надошта бошад, дар зумраи хосирин ва ҳар кас, ки аз партавҳои анвори наздиккунанда ба Худованд (муқаррабони боргоҳи илоҳӣ) лаззат набарад, аз маҳрумин аст.
* То метавонӣ, барои охиратат дуо кун ва он қадр, ки саъй мекунӣ, аз Худованд подошашро бихоҳ, чун аъмолат ҳаргиз аз байн намераванд.
* Саъй кун, имрӯзат беҳтар аз дирӯзат бошад, вагарна дучори зиён хоҳӣ шуд. Розат ва ҳар он чиро аз паёмадҳояш, ки бар ту фишор меоварад, бо фаромӯш карданашон, тоза кун. Ҳамеша маргро дар зеҳнат ёдоварӣ кун ва посдори мардум бош, то мардум ҳам посдори ту бошанд ва кори имрӯзро ба фардо маяндоз, ки фардо бо гирифториҳои хосси худ хоҳад омад.
* Саъй кун, дар корҳоят устувор бошӣ, ки мардони устувор эҷодкунандаи ҳаводис ҳастанд.
* Касоне, ки бар ҳақ пофишорӣ мекунанд, мавонеъ бар онон таъсире надоранд ва балоё ононро нороҳат намекунанд; чун балоё роҳҳое ҳастанд, ки Худованд барои корвони мардони бузург таъйин кардааст, ки агар он роҳҳоро паймуданд, саранҷом онро хоҳанд ёфт ва натиҷаҳояш бар онҳо ошкор мегардад. Ҳар сарзамине, ки ба яке аз масоиб дучор нагардад, дар орзуи касби пирӯзӣ хоҳад монд.
* Гуруснагӣ ва шаббедорӣ беҳтарин дӯстоне ҳастанд, ки бо онон метавон душманро бо тамоми орзуҳояшон тазъиф кард ва аз шарри дуздон дар амон буд.
* Худовандро барои он ки дӯсташ дорӣ парастиш кун, на барои он ки аз ӯ метарсӣ; чун парастиш аз рӯйи тарс дини фурӯмоягон аст.
* Эй инсон! Вуҷудатро ба беҳтарин ваҷҳ тарбият кун ва онро аз палидӣ пок гардон, ки арзиши корҳо ба зоҳираш аст.
* Аз фикри палид ғофил набош, чун монанди самме, ки холис шудааст бо вуҷуди мизони андакаш кушанда аст ва ту набояд бигзорӣ, ки нерӯи палидӣ туро заъиф кунад. Мушкилоти кучакро аз роҳ бардор пеш аз он ки мушкилоти бузургтар туро дарбар гирад ва бо қалбе бедор ва ҳушёр рафтор кун ва дар ҷойгоҳи бузурге қарор бигир, ки ту партаве аз нур мебошӣ.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даргузашти Низомиддин Насриддин пас аз бозгардондан ба Тоҷикистон
Таъкиди Кунгураи Миллии Арабӣ бар нобудии Исроил

Матолиби пурбоздид