Хасороти ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, ба 20 миллиард доллар расидааст
Ахбори байналмилал
Вазири иқтисоди Лубнон эълон кард, ки хасороти ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар ба ҳудуди 20 миллиард доллар расидааст.
Ёсин Ҷобир гуфт, эҳтимол дорад, ин ҳамлаҳо сабаби коҳиши 7 то 10-дарсадии иқтисоди Лубнон шаванд.
Ҳамлаҳои Исроил, бахусус ба ҷануб ва шарқи Лубнон, бахшҳои муҳими иқтисоди кишвар, аз ҷумла кишоварзиро хароб кардааст.
Исроил ҳамчунин пайваста минтақаҳои ғайринизомӣ ва зерсохтҳои Лубнонро ҳадаф қарор медиҳад.
Инчунин дар охирин ҳамла, атрофи бемористони “Табнин” дар вилояти Набатия бомбаборон шуд, ки бар асари он 9 нафар захмӣ гардиданд.
Вазорати тандурустии Лубнон гуфт, ҳафт нафар аз захмиён кормандони бемористон буда, панҷ нафари онҳо зан ҳастанд.
Қаламонлайн













