Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ: “Артиш барои мондан дар Ҷабалушшайх омода бошад”

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ: “Артиш барои мондан дар Ҷабалушшайх омода бошад”

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Yahoo.news

Исраэл Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, имрӯз (ҷумъа), ишғоли баландиҳои стратегии Ҷабалушшайхро, (ки дар 25 километрии Димишқ қарор дошта ва бар он ишроф дорад) «як лаҳзаи таърихии муҳим» барои ин режим тавсиф кард.

Вай муддаӣ шуд: “Ман ва Натонёҳу аз баландиҳои Ҷулон боздид кардем ва қуллаҳои кӯҳи Ҳарамуни Сурияро дидем, ки пас аз 51 сол ба контроли мо бозгашт.”

Ба навиштаи ин расона, Катс дар идома гуфт: “Ба артиши Исроил дастур додам худро барои мондан дар баландиҳои кӯҳи Ҳарамун дар тамоми зимистон омода кунад.”

Ин мақоми саҳюнист изофа кард: “Дар буҳбуҳаи ҳаводисе, ки дар Сурия дар ҳоли вуқӯъ аст, контроли мо бар қуллаи кӯҳи Ҳарамун аҳаммияти амниятии зиёде дорад.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти паҳподии Яман ва муқовамати Ироқ ба мавозеи исроилӣ
Мушоҳидаи паҳподҳои Эрон дар осмони Ню-Йорк

Матолиби пурбоздид