Вазорати умури хориҷаи Амрико: “Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад!“

Вазорати умури хориҷаи Амрико: “Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад!“

Ахбори байналмилал

Пас аз ҳамалоти мушакии панҷшанбе аз Ғазза ва хоки Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ ва шаҳракҳои саҳюнистнишини шимоли Фаластини ишғолӣ, ки дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо ва ҳатки ҳурмати онҳо ба Масҷидулақсо анҷом шуд, Амрико танҳо ҳамалоти муқовиматро маҳкум кард ва вокунише ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ надошт.

Ба гузориши Mignews, Вазорати умури хориҷаи Амрико дар ин бора эълом кард: “Амрико ба амнияти Исроил пойбанд аст ва ҳаққи он барои ҳифозат аз худ ва шаҳрвандонаш дар муқобили ҳамалотро ба расмият мешиносем”.

Вазорати хориҷаи Амрико таъкид кард: “Мо партоби мушак аз Лубнон ва Ғазза алайҳи Исроилро маҳкум мекунем. Мавзеи мо равшан аст ва бар ин масъала таъкид мекунад, ки Исроил нигарониҳои амниятии машрӯе дошта ва ҳаққи дифоъ аз худро дорад”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даргирии Толибон бо ДОИШ
Тромп Бойденро барои хуруҷи Амрико аз Афғонистон аҳмақ хонд

Матолиби пурбоздид