Моше Яалон: Бо идомаи ҷанг, Исроил боқӣ нахоҳад монд
Ахбори байналмилал
Вазири дифои собиқи Исроил: “Агар Натонёҳу ба ҷанги худ идома диҳад, дигар кишваре барои мо боқӣ нахоҳад монд”
Ба гузориши Алҷазира, Моше Яалон, вазири дифои собиқи Исроил, дар мусоҳиба бо коноли 12 гуфт: “Исроил, баҳои таваҳҳумоти Бенёмин Натонёҳу ва давлаташро мепардозад”.
Ӯ афзуд: “Давлати ӯ бояд аз октябри 2024 бо Лубнон вориди музокира мешуд, аммо сарбозон ҳамчунон ба далели манофеи сиёсии хусусӣ ва ҳизбӣ кушта мешаванд.”
Яалон ҳушдор дод: “Натонёҳу барои ҳифзи тамомияти эътилофи ифротии худ, ба ҷанг идома медиҳад… Мо ба интихобот наздик мешавем ва агар вазъияти феълӣ пас аз он идома ёбад, дигар кишваре нахоҳем дошт”.
Қаламонлайн













