Воҳидзода: Ваъдаҳои толибон дар бораи мубориза бо маводди мухаддир боварпазир нест
Ахбори байналмилал
Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт: Агарчӣ толибон пас аз ба қудрат расидан аз контрол ва муҷозот дар ҳавзаи мубориза бо маводди мухаддир хабар дода, аммо воқеият чизи дигареро мегуяд.
Раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки баъд аз ба қудрат расидани толибон, вазъияти марбут ба маводди мухаддир бадтар шудааст.
Вай дар идома ба оморҳои Созмони Миллали Муттаҳид ба унвони намуна ишора кард, ки бар асоси он сатҳи зери кишти кӯкнор дар Афғонистон дар соли 2022 милодӣ 233 ҳазор гектар буда, ки нисбат ба қабл афзоиши 32 дарсадӣ доштааст. Мизони бардошти маводди мухаддир низ афзоиш доштааст.
Бинобар гуфтаи вай, мақомоти зирабти Тоҷикистон бештари маводди мухаддирро дар манотиқи марзӣ кашфу забт кардаанд.
Бар асоси омор, дар шаш моҳи аввали имсол, дар Тоҷикистон беш аз 2.4 тон маводди мухаддир кашфу забт шудааст.
Қаламонлайн