Гуфторе аз Уилл Дюрант

Таърих
Гуфторе аз Уилл Дюрант
Бахше аз дебочаи китоби “Лаззоти фалсафа”
“Чаро ин рӯзҳо фалсафа дигар маҳбуб нест? Чаро фарзандони ӯ, яъне улум, дороии ӯро миёни худ тақсим кардаанд ва худи ӯро бо носипосию хушунате ҷонфарсотар аз бодҳои сахти зимистонӣ аз дар берун рондаанд, ҳамчунон ки фарзандони шоҳ Лир бо ӯ карданд?
Рӯзгоре буд, ки тавонотарин мардон барои ҷонсупорӣ дар роҳи фалсафа омода буданд, чунон ки Суқрот шаҳодат дар роҳи фалсафаро бар гурез аз баробари душманони он тарҷеҳ дод ва Афлотун ду бор ҷони худро ба хатар андохт, то давлате мубтанӣ бар ҳикмату фалсафа ташкил диҳад.
Марк Аврелий Антонин (имперотури Рум) онро аз тоҷу тахти худ дӯсттар медошт ва Ҷордано Бруно (кашиш, файласуф ва кайҳоншиноси итолиёӣ) ба хотири вафодорӣ ба фалсафа, зинда ба оташ афканда шуд.
Рӯзгоре буд, ки подшоҳон ва попон аз ӯ метарсиданд ва барои ҷилавгирӣ аз заволи ҳукумати худ, пайравони ӯро ба зиндон меандохтанд. Отен (Афина) Прутогурос (Протагор, аз суфастоиёни пешосуқротӣ дар Юнони бостон)-ро аз худ биронд.
Искандария дар баробари Гипатия (зани юнонӣ, ки ба унвони нахустин зани барҷастаи риёзидон шинохта мешавад), ба ларза даромад.
Яке аз попони бузург, бо фурӯтанӣ дар садади ҷалби дӯстии Дезидерий Эразм Роттердамский (донишманд, файласуф ва адиби ҳоландӣ) баромад.
Подшоҳон ва ноибуссалатанаҳо Волтер (аз номдортарин файласуфон ва нависандагони асри рӯшангарӣ)-ро аз сарзамини худ берун карданд ва чун таъзими ҷаҳони мутамаддинро дар баробари қалами ӯ диданд, аз ҳасад бар худ бипечиданд.
Дионисий ва писараш ҳукумати Сиракузаро ба Афлотун пешниҳод карданд.
Кӯмаки шоҳонаи Искандар Арастуро донишмандтарин марди таърих сохт.
Подшоҳии донишманд, Фрэнсис Бэкон (сиёсатмадор ва файласуфи англисӣ)-ро то пешвоии Англис боло бурд ва аз ӯ дар баробари душманонаш пуштибонӣ кард.
Фредерики бузург ҳангоме ки нимашаб сардорони пурзарқу барқаш ба хоб мерафтанд, бо шуаро ва фалосифа ба шабнишинӣ мепардохт ва бар нуфуз ва султаи ҷовид ва ҳукумати бекаронашон ғибта мехӯрд.
Рӯзгори дурахшоне буд он гоҳ ки фалсафа ҳамаи манотиқи улумро зери пари худ дошт ва пешоҳанги тамоми пешрафтҳои илмию ақлӣ буд. Дар он рӯзгор фалсафа мӯҳтарам буд ва чизе шарифтар аз дӯст доштани ҳақиқат набуд.
Искандар, Диоген (файласуфи юнонӣ)-ро пас аз худ аввалин шахс медонист ва Диоген аз Искандар мехост ба каноре биравад, то бадани шоҳонаи ӯ офтобро аз ӯ бознагирад.
Сиёсатмадорон, соҳибназарон ва ҳунармандон ба рағбат ба суханони Спиноза (файласуфи ҳоландӣ) гӯш медоданд.
Даҳ ҳазор толиби илм роҳи Порисро дар пеш гирифтанд, то аз Абеляр ҳикмат омӯзанд.
Фалсафа, он пирдухтари камрӯе набуд, ки дар бурҷе баста ба гӯшае биншинад ва аз зиндагии хашини ин ҷаҳон дурӣ гузинад; чашмони дурахшони ӯ аз рӯшании рӯз наметарсиданд. Ӯ ҳамвора худро ба хатар меафканд ва дар дарёҳои ношинос ба сафарҳои дуру дароз мепардохт.
Оё он ки рӯзе ёру надими шоҳон буд, акнун метавонад ба манотиқи тангу борике, ки дар он зиндонӣ шудааст, хурсанд шавад?
Партави рангоранги фалсафа, рӯзе то ториктарин гӯшаҳои руҳ метофт ва онро гармию рӯшанӣ мебахшид, аммо имрӯз бандаи шармсори гунаҳкори улуми гуногун ва пойбанди усули мадрасӣ шудааст.
Он ки рӯзе дар мамлакати ақл маликаи пуркибру нозе буд ва ходимони хушбахташ ӯро мепарастиданд, имрӯз он ҳама зебоиро аз даст дода ва андӯҳгин дар каноре истодааст ва мавриди таваҷҷӯҳи касе нест.
Фалсафа имрӯз маҳбуб нест, зеро руҳи хатарҷӯиро аз даст додааст; пешрафти ногаҳонии улум манотиқи паҳновари собиқи ӯро яке пас аз дигарӣ аз даст гирифтааст;
Кайҳоншинохт ҷойи худро ба нуҷум ва заминшиносӣ додааст.
Фалсафаи табиӣ ба зиштшиносию физика бадал гаштааст ва дар ҳамин рӯзгори мо равоншиносии фалсафӣ аз танаи илмуннафси собиқ сар бар задааст.
Ӯ ҳамаи масоили воқеӣ ва қатъиро аз каф дода ва дигар бо табиати модда ва сирри ҳаёту нушӯ сару кор надорад.
Масъалаи ирода, ки фалсафа дар бораи озодии он дар садҳо маъракаи фикрӣ ворид шуда буд, акнун дар зери чархҳои зиндагии нав хурд шудааст.
Рӯзгоре баҳс дар масоили марбут ба давлат, хосси ӯ буд, вале акнун майдони тохту този мардуми кӯтаҳназаре шуда ва касе дар он боб, аз фалсафа машварат намеҷӯяд.
Барои фалсафа дигар чизе ҷуз қуллаҳои сарди мобаъдуттабиа ва муаммоҳои кӯдакона дар бораи кайфияти маърифат ва муноқишоти муғлақ дар илми ахлоқ намондааст ва онҳо низ таъсире дар сарнавишти инсон надоранд.
Ҳатто рӯзе хоҳад омад, ки ин қисматҳо низ аз вай гирифта шавад ва улуми навине падид ояд, ки дар ин масоил бо хатту андоза ва паргор баҳс кунад. Шояд аслан рӯзе биёяд, ки дунё фаромӯш кунад, ки фалсафае буда, ки рӯзгоре дилҳоро такон медода ва афкори мардумро раҳбарӣ мекардааст…”
(Лаззоти фалсафа)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Додгоҳи Эрон ҳукми ҷалби Тромп, Помпео ва Маккензиро дар терури шаҳид Сулаймонӣ содир кард
Ҳувияти адабӣ

Матолиби пурбоздид