Додгоҳи Эрон ҳукми ҷалби Тромп, Помпео ва Маккензиро дар терури шаҳид Сулаймонӣ содир кард

Додгоҳи Эрон ҳукми ҷалби Тромп, Помпео ва Маккензиро дар терури шаҳид Сулаймонӣ содир кард
Ахбори байналмилал
Ба гузориш хабаргузории “Исно”, додситони Теҳрон (8-майи 2023) бо эълони судури ҳукми ҷалби шуморе аз авомили терури шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш, гуфт: “Дар расидагӣ ба ин парванда, 97 муттаҳам аз шаҳрвандони омрикоӣ шиносоӣ ва таҳти пайгард қарор гирифтанд, ки дар ниҳоят дар хусуси 73 нафар аз онҳо аз ҷумла Тромп, Помпео ва Маккензӣ, қарори ҷалб ба додрасӣ ва кайфархост содир шуд ва барои 74 нафар низ ба далели адами кифояти далоили исботӣ, қарори манъи таъқиб содир шуд.”
Додситони Теҳрон бо баёни ин ки ба 9 кишвар, ки дар ҷараёни терури шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш, эҳтимоли нақш ва мудохилаи онҳо вуҷуд дошт ё ин ки бахшҳое аз амалиёти теруристӣ аз тариқи хоки онҳо ҳидоят, мудирият ё иҷро шуда буд, дархостҳои ҳамкории қазоии ҷудогонае ирсол ва посухҳое восил шуд, гуфт: “Яке аз давлатҳо Омрико буд, ки алорағми дархости расмӣ, аз муҳокама ва таъқиби муттаҳамони омрикоӣ худдорӣ кард.”
Вай, яке дигар аз мавзӯъоти матраҳ дар раванди расидагӣ ба парвандаро ҳамкориҳои қазоӣ бо давлати Ироқ ба унвони маҳалли вуқӯъи ҷиноят унвон кард ва гуфт: “Бар асоси тавофуқоти ҳосила, чаҳор даври музокирот ва нишастҳои муштарак миёни қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шӯрои олии қазоии кишвари Ироқ баргузор шуд ва ҳар ду кишвар ва системи қазоӣ, азму иродаи ҷиддии худро дар таъқиб ва муҷозоти авомил ва аносури дахил дар ҷинояти терури сардори шаҳид Сулаймонӣ ва шаҳид Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис ва ҳамроҳони эшон эълом карданд.”
Гуфтанист, бомдоди ҷумъаи 3 январи 2020 женерол Қосим Сулаймонӣ тай ҳамлаи паҳподи омрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид. Дар ин ҳамла Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис, аз фармондеҳони Ҳашдушшаъбӣ ба ҳамроҳи 10 тани дигар ба шаҳодат расиданд. Пентогун расман эълом кард, ки дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Дунолд Тромп, раисиҷумҳури вақти ин кишвар содир кардааст.
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Зеленский: “Русия ҳам мисли Олмони нозӣ шикаст хоҳад хӯрд!”
Гуфторе аз Уилл Дюрант

Матолиби пурбоздид