Гуфтугӯи телефонии дабири кулли Ҳизбуллоҳи Ироқ бо Исмоил Ҳаниа
Ахбори байналмилал
Isna
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Ироқ бо раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, дар бораи таҳаввулоти ҷанги Ғазза гуфтугӯи телефонӣ кард.
Ба гузориши Исно
Абуҳасайн ал-Ҳамидовӣ, дабири кулли гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ, дар тамоси телефонӣ бо Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт: «Миллат ва муқовамати исломии Ироқ мадюни шумо ҳастанд ва эҳсоси шармандагӣ мекунанд, чаро ки натавонистанд дар марҳилаи қаблӣ кори бештареро барои шумо анҷом диҳанд ва ҳимояти бештаре аз шумо ба амал оваранд.»
Тибқи гузориши «Собирин нюз», Ал-Ҳамидовӣ гуфт:
«Ғазза улгуеро ироа кард, ки баҳонаи камбуди имконот ва заъфро аз афроди баҳонаҷӯ гирифт ва созу кори мустазъафонро дар баробари мустакбирон эҷод кард. Аз баракатҳои “Тӯфон ал-Ақсо» ин аст, ки Ироқро ба доираи низоъи исломӣ-арабӣ бо саҳюнизм дар як муддатзамони бесобиқа бозгардонд.»
Вай ба Ҳаниа гуфт:
«Мо ба шумо ваъда медиҳем, ки муқовамати исломӣ аз ҳеч талоше дар роҳи ҳимоят аз миллати Фаластин дареғ нахоҳад кард ва дар додани хун ё моли худ ба хотири Фаластин, бухл нахоҳад варзид.»
Ҷунбиши Ҳамос 7-октябр амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо»-ро алайҳи режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба шаҳракҳои саҳюнистнишини ғилофи Ғазза оғоз кард. Ба дунболи он, режими саҳюнистӣ ҷанги вайронгареро дар Ғазза ба роҳ андохт, ки ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо ҳазор нафар мунҷар шуд.
Муқовамати Ироқ дар посух ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза, борҳо аҳдофи омрикоӣ ва аҳдоферо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мавриди ҳамла қарор додааст.
Isna
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: