Вазири фарҳанг ва варзиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Вазири фарҳанг ва варзиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Ахбори байналмилал

Thetimes

Вазири фарҳанг ва варзиши Исроил гуфт:

“Исроил дар 7-октябр дар баробари Ҳамос шикаст хӯрд, дар баробари Ҳизбуллоҳ шикаст хӯрд ва дар баробари Эрон низ шикаст хӯрд.”

Ба гузориши Times, Мики Зоҳар, вазири фарҳанг ва варзиши Исроил дар изҳороте, бо баёни ин ки “ба ҳамлаи Эрон бояд посухи қавӣ дод”, гуфт:

“Посухи заиф ба ин ҳамлаи бесобиқа, идомаи мафҳуми мансухи “мантиқи ақлоният ва ақл” аст.”

Вай гуфт:

“Исроил 7-октябр дар муқобили Ҳамос шикаст хӯрд, дар муқобили Ҳизбуллоҳ, ки мудом ба мо ҳамла мекунад ва тавонист сокинони шимолро аз онҷо холӣ кунад, шикаст хӯрд ва дар баробари Эрон, ки дар ҳамлаи мустақим ба Исроил тардиде надошт, шикаст хӯрд”.

Thetimes

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири хориҷаи Бритониё ҳақро бо Эрон медонад
Эътирофи расонаҳои исроилӣ: Мо бохтем!

Матолиби пурбоздид