Давои дардҳо

Адаб

Давои дардҳо

Яке аз бузургони сӯфия мегӯяд:

Ба сарзамини Мағриб (шимоли ғарби Офриқо) табиберо дидам, ки маризон дар пеши рӯ, дармонашонро васф ҳамегуфт. Пеш рафтам ва гуфтам:

— Худоят биёмурзад! Маро низ дармон кун.

Соате дар ман нигарист ва сипас гуфт:

— Арақи «фақр» ва барги «бурдборӣ»-ро бо ҳалилаи «фурӯтанӣ» гард кун ва ҳамаро дар зарфи «яқин» бигузор ва оби «хашят» дар он бирез ва оташи «ғам» зераш рӯшан кун. Сипас бо софии «муроқибат» дар ҷоми «ризо»-яш биполой ва онро бо ҷуръаи «таваккул» биёмез ва бо дасти «сидқ» бигираш ва дар суроҳии (зарфи) «истиғфор»-аш бинӯш. Пас аз он ба оби «зуҳд» мазмаза кун ва худро аз «озу тамаъ» маҳфуз бидор. Иншоаллоҳ Худованд шифоят диҳад!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афсари баландпояи исроилӣ: “Яҳё Синвор Салоҳуддини замона аст”
Чин байни Фатҳ ва Ҳамос оштӣ андохт

Матолиби пурбоздид