Дар Гурҷистон чӣ хабар аст?

Таҳлили хабарӣ
Дар Гурҷистон чӣ хабар аст?
Таҳлиле аз Овэн Мэтюз дар Spectator
Ишора: Овэн Мэтюз (Owen Matthews) – нависанда, муаррих ва рӯзноманигори бритониёӣ аст. Аввалин китоби ӯ бо номи “Фарзандони Истолин” аст, ки дорандаи ҷоизаҳои мутаъаддиде гардида. Китобҳои ӯ ба 28 забон тарҷума шудаанд. Ӯ раиси дафтари собиқи нашрияи Newsweek дар Маскав ва Истамбул аст.
Овэн Мэтюз дар таҳлиле дар нашрияи Spectator таҳти унвони ”Оё Гурҷистон шоҳиди як инқилоби рангӣ аст? (Is Georgia seeing a ‘colour revolution’?) менависад:
Дар зоҳир, тазоҳуроте, ки ҳафтаи гузашта Тифлис, пойтахти Гурҷистонро ларзонд, бисёр шабеҳи такрори таърихи чанд сол гузашта дар он минтақа буд. Ҳамон гуна, ки дар ҷараёни инқилоби рангӣ дар Гурҷистон дар соли 2003 ё инқилобҳои норинҷӣ ва майдон дар Укройн дар солҳои 2004 ва 2014 ҷамъияти густардае, ки парчамҳои иттиҳодияи Урупоро такон медоданд ба хиёбонҳо омаданд ва хостори тағйироти демукротик шуданд ва дар муқобил бо бархӯрди хашини пулис мувоҷеҳ шуданд, ин тасовир бори дигар дар рӯзҳои гузашта дар Гурҷистон такрор шуданд.
Иллати эътирозоти ҳафтаи гузашта қонуне буд, ки тавассути порлумони Гурҷистон тасвиб шуд; қонуне, ки бар асоси он, созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ аз кишвар будҷа дарёфт мекарданд мулзам ба сабти ном ба унвони “омили хориҷӣ” мешуданд; илзоме, ки ба тарзи нороҳаткунандае шабеҳ ба қонуни қадимии Русия буд, ки тавассути Кремлин бо ҳадафи саркӯби созмонҳои ҷомеаи маданӣ ва мухолифони сиёсӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бисёре аз мӯътаризон аз ҳомиёни Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури собиқ буданд, ки аз соли 2021 ба иттиҳоми “суистифода аз қудрат”, ки бисёре онро бо ангезаҳои сиёсӣ медонистанд, дар боздошт ба сар бурдааст. Саакашвилӣ пас аз эътисоби ғизо дар зиндон ба шиддат бемор шуда ва ҳаводоронаш мегӯянд, эҳтимолан масмум шуда ва аз он ранҷ мебарад.
Дар Тифлис алорағми ҳамалоти қотеъи пулис, мӯътаризон пирӯз шуданд. Порлумон расидагӣ ба тарҳи ҷанҷолии “авомили хориҷӣ”-ро аз дастури кори худ хориҷ кард ва Саломе Зурабишвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, ба мӯътаризон ба далели “тааҳҳуд ба демукросӣ” табрик гуфт.
Бо ин вуҷуд, далели аслии эътирозот лоянҳал боқӣ мондааст: чӣ гуна метавон равобити Гурҷистон бо Русияро бо тааҳҳуди эъломшудаи он кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодия Урупо мутавозин сохт ва чӣ гуна метавон тамоюлоти иқтидоргароёнаи давлатҳои пайдарпайи Гурҷистонро маҳор кард?
Аз замони инқилоби рангин дар соли 2003, ки дар ҷараёни он Саакашвилӣ ба қудрат расид, ҳар давлате дар Гурҷистон мутааҳҳид ба пайвастани он кишвар ба Иттиҳодия Урупо ва НАТО шудааст. Ахиран замоне, ки Брюссел ба Гурҷистон ва Мулдувӣ вазъияти номзадии расмиро эъто кард, мақомоти гурҷӣ гоми бузурге ба сӯи ин ҳадаф бардоштанд. Бо ин вуҷуд, ҳамзамон иқтисоди Гурҷистон ба шиддат ба тиҷорат бо Русия вобаста аст; ҷое, ки наздик ба ним миллион шаҳрванди гурҷӣ дар он зиндагӣ мекунанд, ки наздик ба 15 дарсад аз ҷамъияти он кишварро ташкил мекунанд ва дар Русия машғул ба зиндагӣ ва кор ҳастанд. Дар натиҷа, давлати Гурҷистон ба таҳримҳои байналмилалии эъмолшуда алайҳи Кремлин дар пайи ҳамлаи Русия ба Укройн, напайвастааст.
Кремлин мусаммам аст Гурҷистонро то ҳадди имкон ба ҳавзаи нуфузи худ наздик нигаҳ дорад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар моҳи январ аз Тифлис ба далели таслим нашудан дар баробари “фишор”-и Ғарб ба манзури эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия, тамҷид кард. Ӯ афзуда буд: “Ин воқеият, ки як кишвари кӯчак ва давлати он шаҳомати инро доранд, ки бигӯянд, бар асоси манофеъи худ ва бар асоси манофеъи иқтисодии худ ҳидоят хоҳанд шуд, қобили эҳтиром аст”.
Ҳангоме, ки эътирозоти ҳафтаи гузашта Тифлисро фаро гирифт, Лавров ба суръат ангушти иттиҳоми худро ба сӯи Ғарб нишона гирифт ва ғарбиҳоро муттаҳам ба талош барои сарнагунии давлати Гурҷистон кард; давлате, ки ба таври ноқис хатти Вошингтунро дунбол кардааст. Лавров гуфт: “Тардиде нест, ки қонуни сабти созмонҳои ғайридавлатӣ баҳонае барои шурӯъи вазъияти феълӣ ва талоше барои тағйири давлат бо истифода аз зӯр буд”. Ӯ муддаӣ шуд, ки ин эътирозот “албатта аз хориҷ созмондеҳӣ мешаванд” ва ҳадафи он эҷоди “як омили таҳриккунанда дар марзҳои Русия” аст.
Дар ҳақиқат аммо эҳсосоти тарафдории Русия дар Гурҷистон бисёр андак аст ва ҳамлаи Русия дар соли 2022 ба Укройн хотироти ҳамлаи Русия ва ишғоли ҷумҳуриҳои ҷудошудаи Осетияи ҷанубӣ ва Абхазия аз Гурҷистонро дар зеҳни гурҷиҳо зинда кард. Путин дар соли 2008 ба тонкҳои русӣ дастур дод, то 30 километрии Тифлис пешравӣ кунанд.
Лоуренс Шитс, раиси Муассисаи мушовираи байналмилалии Уруосиё мегӯяд: ”Агарчӣ Русия медонад, ки наметавонад Гурҷистонро идора кунад, аммо метавонад умедвор бошад, ки он кишварро бесубот кунад”.
Тайи чанд соли гузашта будҷаи тавсиаи Иттиҳодияи Урупо барои Гурҷистон ба ҷайби касбу корҳои русӣ роҳ пайдо кардааст. Барои мисол, қарордоди 50 миллион долларӣ бо будҷаи Бонки бозсозӣ ва тавсиаа Урупо ба манзури таъмини васоили нақлияи метрои Тифлис сохташуда тавассути Шӯравӣ, дар соли 2021 ба ширкати русӣ расид. Вазорати кишвари Гурҷистон аз соири манобеи молӣ барои хариди нармафзори ташхиси чеҳраи тавлидшуда тавассути Papillon (мустақар дар Русия) ва нармафзор асари ангушти Todes (сохти Белорус) истифода кардааст.
Муҳимтар аз ҳама он ки Лавров ахиран эҳтимоли аз саргирии парвозҳои мустақим байни Русия ва Гурҷистонро, ки пас аз як даргирии сиёсӣ дар соли 2019 ба ҳолати таълиқ даромаданд матраҳ кардааст. Давлати таҳти раҳбарии ҳизби ҳокими русгаро дар Гурҷистон аз идеяи аз саргирии парвозҳо ҳимоят мекунад, чаро ки сабаб мешавад ширкатҳои гурҷӣ аз тиҷорат ба хотири таҳрими Русия суд бибаранд. Опозисион ба ҳамин далел бо эҳёи хутути ҳавоии мустақим мухолиф аст ва мӯътақид аст идғоми бештари иқтисодӣ бо Русия суръати идғоми Гурҷистон дар Урупоро коҳиш хоҳад дод.
Пас аз ҳамлаи Путин ба Укройн, русҳо ҳам фаъолони мухолифи Путин ва ҳам фирориҳое, ки ангезаҳои сиёсии камтаре доштанд ба Гурҷистон яке аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон, ки иқомат бидуни ниёз ба ахзи визоро ба шаҳрвандони рус ироа медиҳад ҳуҷум бурданд.
Ин мавҷи ҷадиди муҳоҷират бо ҷамъияте байни 100 000 то 200 000 нафар ба кишваре бо танҳо 3.7 миллион нафар боиси афзоиши баҳо, қиматҳои хонаҳо ва маводди ғизоӣ шудааст ва ба ҷанҷолу баҳсҳои бештар дар Гурҷистон доман задааст.
Бо ин вуҷуд, ин воқеият низ вуҷуд дорад, ки русҳо фирор ба Гурҷистонро ба ҷанг дар хона тарҷеҳ доданд. Октябри гузашта рӯйи деворе дар Тифлис ба англисӣ навишта шуда буд: “Ба ҳеч русӣ дар инҷо хуш омад намегӯем, хуб ё бад!” Тасвире, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузошта шуд.
Давлат таҳти раҳбарии ҳизби ҳокими русгарои Гурҷистон ҳамчунин муттаҳам шуда, ки ба далели худдорӣ аз судури муҷаввиз барои вуруди чанд рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии барҷастаи рус ба он кишвар таҳти фишори давлати Русия қарор гирифта ва таслим шудааст.
Бо ин вуҷуд, он чи мӯътаризони умдатан ҷавон ва пуршӯри тарафдори Урупоро дар мавриди қонуни авомили хориҷӣ нигарон сохт ин буд, ки ба назар мерасид давлат дар ҳоли барномарезӣ ба манзури саркӯби мухолифони сиёсӣ ба сабки Кремлин аст. Томас Д. Уолл, яке аз аъзои аршади ниҳоди Карнегии Урупо мегӯяд: “Нигарониҳое вуҷуд дорад, ки давлати таҳти раҳбарии ҳизи ҳокими русгарои Гурҷистон мехоҳад Гурҷистонро ба як кишвари такҳизбӣ табдил кунад. Аз ин назар алорағми он ки эътирозоти мардумӣ муваффақиятомез буд, аммо Ираклий Кобахидзе, раҳбари ҳизби ҳокими Гурҷистон сарсахтона исрор дорад, ки “авомили хориҷӣ будан шармовар аст сарфи назар аз ин ки омили чӣ касе бошед” ва созмонҳои ғайридавлатии Гурҷистонро “авомили нуфузи хориҷӣ” номид. Ӯ дар ниҳоят пешнависи қонунро пасгирифт. Бо ин вуҷуд, Саакашвилӣ дар вазъияти хатарноке камокон дар зиндон ба сар мебарад ва бемор аст.
Хабари хуб барои Гурҷистон ин аст, ки эътирозот нишон медиҳанд насли ҷадиди гурҷиҳо на танҳо ба таҳаввулоти сиёсӣ таваҷҷӯҳ доранд, балки муштоқи оянда ва озодии худ ҳастанд. Бо ин вуҷуд, чолиш барои ҳизби ҳоким дар Гурҷистон ва барои ҳар фарде, ки дар ниҳоят ҷойгузини он давлат дар қудрат шавад, бидуни тағйир боқӣ мемонад: чӣ гуна метавон вобастагии амиқи иқтисодии ин кишвар ба Русияро бо ормонҳои сиёсии ғарбгароёнаи раъйдиҳандагони ҷавонтар ба вазъияти мутавозин расонд ва амиқтар аз он ин ки чӣ гуна метавон наздиктар шудан ба НАТО-ро бидуни таҳрики ҳамсояи шимолии ба шиддат қудратмандтар барои бори дувум мудирият кард?!
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари расмии Башшор Асад ба Русия
Султон агар туӣ…

Матолиби пурбоздид