Дар ин рӯзгор, бояд мисли Толибон буд

Таҳлили хабарӣ
Дар ин рӯзгор, бояд мисли Толибон буд
Сайидюнус Истаравшанӣ
Дирӯз додгоҳе дар Миср, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонул-муслимини Миср ва чанд тан аз ҳамроҳонашро ба эъдом ҳукм кард. Ва бо ин ки Ихвон дар Миср – замоне, ки намояндааш яъне Муҳаммад Мурсӣ, дар як интихоботи комилан шаффоф ва озод, раисиҷумҳури ин кишвар гардид – ва аз қонуни мавҷуди Миср гоме фаротар наниҳод ва тамоми ҳаракоту саканоташ бар асоси қонун буд, вале бо ин ҳама, алайҳи ҳукумати қонунии ӯ аз сӯйи артиши Миср кудато (табаддулоти низомӣ) сурат гирифт ва ба як шеваи бисёр золимона ва дар сукути маънодори абарқудратҳои ҷаҳон бахусус Омрико ва кишварҳои урупоӣ, аз қудрат сарнагун шуд.
Аҷиб ин ки на Омрико чизе гуфт ва на Иттиҳодияи Урупо ва на соири кишварҳое, ки дам аз ҳуқуқи башар мезананд; ҳамаи онҳо ингор барои ҳазфи Ихвон “чароғи сабз” нишон дода буданд. Ва ин дар ҳоле буд, ки ихвониҳо на танҳо як зарра хилофи қонун рафтор накарданд, балки чунон демукрот буданд, ки дигар ба қавли маъруф, шӯраш даромада буд. Онҳо бо ин корашон, гумон мекарданд (ба ғалат албатта), ки Омрико ва Иттиҳодияи Урупо аз онҳо “розӣ” хоҳанд буд. Ғофил аз ин ки барои Омрико ва кишварҳои урупоӣ, на ҳуқуқи башар муҳим аст ва на “демукрот” ва мардумӣ будани ту, балки он чи барои онҳо аҳаммият дорад, ин манофеъи кишварҳояшон аст. Барои онҳо, кишварҳои халиҷ, масалан Саудӣ ё Баҳрайн – бо ин ки давлатҳояшон маврусӣ ва мардумонаш бо чизе ба номи интихобот ва ин ҷур чизҳо бегона аст – муҳимтар аст, то мунтахаб будани ту. Барои онҳо ҳар чи ту диктотуртар ва худкоматар ва аз хостаҳои мардумӣ дуртар, модоме, ки манофеъи он кишварҳоро таъмин бикунӣ, беҳтар.
Оё боре дидед, ки Омрико масалан аз Саудӣ ва нақш надоштани мардуми он дар интихоби ҳукуматаш интиқод карда бошад? Оё боре шуда инро дида бошед? На. Ва нахоҳед дид, магар замоне, ки Арабистон воқеан мардумӣ ва аз сӯйи мунтахабони мардум идора шавад, ки дар он сурат, бале Омрико дахолат мекунад, зеро қатъан дасташ аз рабудани нафти ин кишвар кӯтоҳ хоҳад буд.
Бо Наҳзати Тунис низ айни ҳамин рафтор, ки бо Ихвони Миср шуд сурат гирифт. Рошид Ғаннушӣ, раҳбари ин ҷунбиш, ки риёсати порлумони ин кишварро ба ӯҳда дошт, алъон дар зиндон аст. Ӯ ҳам мисли ихвониҳои Миср ба гумони худаш бисёр “демукрот” буд ва тамоми саъйю талоши худро ба харҷ дод, то Омрико ва Иттиҳодияи Урупо аз ӯ розӣ бошанд. Ин бандаи Худо ҳам намедонист, ки барои Омрико касе мисли Сисӣ ва Қайс Саъид беҳтар аст, то туи Рошид Ғаннушӣ, ки мардумӣ ҳастӣ.
Бинобар ин, аз ин назар, Толибон воқеан корашон дуруст аст. Албатта, ин ба маънои таъйиди ҳар коре, ки Толибон мекунанд нест. На, ҳаргиз ва абадан! Онҳо низ хатоҳо ва иштибоҳҳои фоҳише доранд, аз назари меъёрҳои исломӣ албатта, на меъёрҳои ҷомеаи ба истилоҳ ҷаҳонӣ. Банда агар қоил ба мардумсолорӣ (ҳамон демукросӣ) ва эҳтиром ба орои шаҳрвандон ҳастам, ба ин далел аст, ки ислом чунон аст ва муқтазои шариат ҷуз ин нест, на ин ки ғарбиҳо аз он мегӯянд.
Ба ҳар сурат, таҷрибаи Толибон – ва аз он пеш, таҷрибаи Инқилоби Исломӣ дар Эрон – нишон медиҳад, ки ту, дар айни эҳтиром ба раъйу назари мардум ва мустақил будан дар тасмимгириҳо ва вобаста набудан ба бегона, дар айни он, бояд аз зӯри бозу бархӯрдор бошӣ, ки агар надорӣ, дар навбати аввал бояд артиши мардумӣ таъсис бикунӣ, то вақте хостанд алайҳи ту тавтиа бичинанд, битавонӣ аз худ дифоъ кунӣ ва тавтиагарро сари ҷояш нишонӣ. На Ихвон дар Миср чунон кард ва на Ҷунбиши Наҳзат дар Тунис, балки тамоми боварашон ин буд, ки аҳаде алайҳи онҳо тавтиа намекунад.
Аммо Толибон на, чизе дигар аст. Аввалан, ҷунбише мардумӣ аст, яъне воқеан пушти сараш мардум истода, ҳарчанд бахше аз мардум бо ӯ миёнаи хубе надоранд, ки баҳсаш ҷудост. Ва сониян, артиш дошт ва чӣ артише! Омрико ва ҳампаймонҳояшро ба зону нишонд. Ин ки имрӯза аз Толибон интиқод мешавад – бештар аз сӯйи вобастагон ба Омрико – ҳамаи он ба хотири ин ки вобастаҳои Омрико аз нав сари қудрат бирасанд, на чизе дигар.
Хулоса, ман фикр мекунам, иштибоҳи Ихвон дар Миср ва Тунис, ки имрӯза ин бало сарашон омадааст, нерӯи низомӣ надоштани онҳо буд, ки фикр мекунам, алъон ба ин нукта пай бурдаанд. Ту то замоне, ки нерӯи низомӣ надорӣ, мунтазири ҳамин балое бош, ки сари Ихвони Миср ва Тунис омадааст.
Сайидюнус Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: “Киштиҳо барои вуруд ба обҳои Яман, бояд муҷаввиз дошта бошанд”
Чӣ гуна сарватманд шавам?

Матолиби пурбоздид