Дар ҳошияи мусоҳибаи Муҳйиддин Кабирӣ бо Алҳивор

Таҳлили хабарӣ

Дар ҳошияи мусоҳибаи Муҳйиддин Кабирӣ бо Алҳивор

Таҳлил

Яке ду ҷумла дар ҳошияи мусоҳибаи шабакаи “Алҳивор” бо устод Муҳйиддин Кабирӣ

Сайидюнус Истаравшанӣ

Бахши 4-ум ва ахири гуфтугӯи дуктур Аззом Тамимӣ бо раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон ва ҲНИТ, устод Муҳйиддин Кабирӣ дирӯз пахш шуд ва ин қисмат аз гуфтугӯ низ мисли се барномаи қаблӣ, ҳовии матолиби хеле муҳим буданд. Он чи барои шахси банда дар ин барнома ҷолиби таваҷҷӯҳ буд, ишораи оқои Кабирӣ ба масъалаи “манофеъ ва масолеҳ” аст. Дар ин ёддошт, яке ду нукта дар ин хусус ёдовар мешавам.

Дуктур Аззом аз оқои Кабирӣ пурсид, ки оё ҲНИТ дар замони фаъолият дар дохили кишвар, ба хато ва иштибоҳе роҳ додааст, ки агар буд, аз назари Кабирӣ он хато кадом аст? Оқои Кабирӣ яке ду мавридро ёдовар шуд, ки дар як фурсати муносиб, роҷеъ ба онҳо сӯҳбат хоҳам кард. Феълан дар ин ёддошт, дар бораи “манофеъ ва масолеҳ” сӯҳбат мекунам.

Хулосаи сӯҳбатҳои устод Кабирӣ дар бораи “манофеъ ва масолеҳ” ин аст, ки чаро барои мани тоҷик, муҳим, ин масолеҳу манофеи кишвари худам, яъне Тоҷикистон ва мардуми он набошад? Ва манофеу масолеҳи кулли олами ислом ва мусалмонони ҷаҳон, дар дараҷаи дуввум? Барои чӣ ман, бо ин ки ба фикри бародарон ва хоҳарони мусалмони худ дар кулли ҷаҳон ҳастам, вале муҳим барои ман ва авлавият барои ман, аввал масолеҳу манофеи кишвари худам набошад?

Ба назари оқои Кабирӣ, соири мусалмонон низ чунин ҳастанд, ҳарчанд ба забон шояд аз уммат ва дағдағаҳои он ҳарф бизананд.

Баъд, оқои Кабирӣ яке ду мисол барои ин муддао зад. Аз ҷумла гуфт, бисёре аз дӯстон ва ҳамфикронаш дар кишварҳои арабӣ ва ё Эрон ё соири кишварҳои исломӣ чун фикрашон ин аст, ки бояд масолеҳу манофеи ҷаҳони ислом ва уммат дар авлавият бошад, вақте баҳси диктотурӣ ва кишварҳои вобаста ба Русия аз ҷумла Тоҷикистон пеш меояд, аз он ҷо, ки Русия ва ҳампаймонҳояшро алайҳи ҷаҳони ғарб ва Путинро масалан фарде зидди ғарб ва фарҳанги ғарбӣ мешуморанд ва аз ин назар худро ба ӯ наздиктар ҳис мекунанд, ба ӯ (Кабирӣ) тавсия мекунанд, ки барои шумо ва кишвари шумо феълан маслиҳат ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро бо ин ки диктотур аст таҳаммул кунед, то ба доми ғарб наяфтед. Ба назари оқои Кабирӣ, ин тарзи тафаккур дар онҳо, ношӣ аз ҳамин масъала аст, ки мо ба фикри кулли олами ислом ва уммат бошем.

Оқои Кабирӣ гуфт, мо мусалмонон лоақал, мо мусалмонони Тоҷикистон, бояд аз ин тарзи тафаккур даст бардорем, албатта на ба ин маъно, ки аслан ба фикри уммат набошем, на, балки авлавият барои ҳар яки мо кишвар ва мардуми худамон бошад. Ва ба назари оқои Кабирӣ, ин тарзи тафаккур, яке аз мавонеи аз сари роҳ бардоштани диктотурҳое мисли Раҳмон аст.

Яке ду ҷумла дар ин робита:

Агар дӯстон ва аз ҷумла худи устод Муҳйиддин Кабирӣ, ки бе таоруф эҳтироми фавқулъодае барояш қоилам, иҷоза бифармоянд, яке ду ҷумла ба унвони нақди ин тарзи тафаккури эшон арз кунам, дар чанд нукта:

1) Нуктаи аввал ин ки: бале, сад дар сад мувофиқам, ки зиддият бо масалан ғарб, сабаб нашавад, ки ман дар ҷониби диктотуре биистам, ки ӯ зидди ғарб аст. Ин ҳарф сад дар сад дуруст аст. Раҳмон як диктотур ба тамоми маънои калима аст ва вазифаи миҳанӣ ва динии мани мусалмон ин аст, ки коре бикунам, ки кишварам аз шарри якчунин афроде халос шавад.

Аммо чаро ман фикр кунам, ки зиддият бо касе чун Раҳмон ва ё сиёсати ӯ ва ҳомиёнаш, мунофот дорад бо ин ки ман дар айни замон, зидди ҷаҳони ғарб ва сиёсатҳои вайронгари ӯ дар ҷаҳон аз ҷумла ҷаҳони ислом бошам? Ҳеч мунофоте байни ин ду нест. Ман, ҳамон тавре ки зидди Раҳмонам ва ӯро як ғуддаи саратонӣ дар тани кишвари азизам медонам, ҳамин тавр алайҳи сиёсатҳои харобкоронаи Омрико ва бештари кишварҳои урупоӣ дар ҷаҳони ислом аз ҷумла кишвари худам ҳастам.

Ва ба сухани дигар, ҳеч мулозимае байни ин ки ту алайҳи диктотуре мисли Раҳмон ё Путин бошӣ ва байни ин ки ту дар канори ғарб ва сиёсатҳои он биистӣ нест.

2) Нуктаи дуввум ин ки: дар хусуси “масолеҳу манофеъ” арз шавад, ки он чи ислом ба мо мегӯяд ва ҳамон тавр, ки дар Қуръони Карим омада ва ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд (ба сароҳат, на ба ишорат, ки маҷоле барои иҷтиҳод гузорад), ки мо бояд ҷаҳони исломро якпорча ва тамоми мусалмонони ҷаҳонро бидуни истисно узви як хонавода ва узви як тан бидонем ва байни онҳо ҳеч тафовуте қоил набошем ва ин ки ин марзҳои ҷуғрофиёӣ, ки дар ҳоли ҳозир байни кишварҳои исломӣ эҷод шудааст, эътиборӣ ҳастанд, (яъне қарордодӣ ҳастанд), ин бар мо таҳмил шуда, на ин ки худамон хоста бошем ва аз ин рӯ онҳоро бояд бардорем. Ҳазрати Паёмбар (с) чӣ зебо бароямон баён медоранд:

مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى

“Мӯъминон дар дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамкорӣ бо якдигар, монанди пайкари воҳид ҳастанд, ки агар узве аз он ба дард ояд, соири аъзо бо бехобӣ (беқарорӣ) ва таб бо он ҳамнаво мешаванд”. (Ҳадиси муттафқун алайҳи)

Ҳамчунин ҳазраташ (с) фармоянд:

مَنْ أَصْبَحَ لاَ يَهْتَمُّ بِأُمُورِ اَلْمُسْلِمِينَ فَلَيْسَ مِنْهُمْ وَ مَنْ سَمِعَ رَجُلاً يُنَادِي يَا لَلْمُسْلِمِينَ فَلَمْ يُجِبْهُ فَلَيْسَ بِمُسْلِمٍ

“Ҳар, ки субҳ кунад ва ба умури мусалмонон аҳаммият надиҳад, аз онҳо нест. Ҳар ки бишнавад марде фарёд мезанад “мусалмонҳо ба додам бирасед” ва ҷавобаш нагӯяд, мусалмон нест”.

Ин ки имрӯза воқеият дигар аст ва байни онҳо марзҳои ҷуғрофиёӣ эҷод гардида, (яъне воқеият ҳамин аст, реал ҳамин аст ва ман бояд воқеънигар бошам), инҳо сабаб намешавад, ки ман даст аз ин омӯза бардорам. Ҳаргиз! Вазифаи ман он аст, ки талош кунам, ин марзҳои эътиборӣ бардошта шаванд. Ҳоло, ҳар касе ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд, бигӯяд, ман коре надорам, исломе, ки онро дуруст мешуморам, ҳаминро мегӯяд.

Бинобар ин, ин ду амр (масолеҳу манофеи уммат ва масолеҳу манофеи миҳани ман) бо ҳам қобили ҷамъ ҳастанд, на зидди ҳам, ки агар ба фикри масолеҳи кишварам шавам, ночор бояд аз масолеҳи уммат даст бардорам ва ё онро дар дараҷаи ду қарор диҳам. На. Ҳаргиз!

3) Фаромӯш накунем, ки ин тарзи тафаккури хатарнок (ман ба фикри худам бошам!), фақат моли мани мусалмон нест, алъон ва ҳамин имрӯз, дар ҷаҳони ғарб, масалан дар Омрико низ ҳаст, ки бо он мубориза мешавад.

Тавзеҳ ин ки: ҷаҳони ғарб ба як силсила умури ҷаҳонӣ қоил аст ва худро вазифадор медонад, ки аз онҳо дар ҳар куҷо бошад, ҳимоят кунад, масалан дар заминаи демукросӣ. Ғарбиҳо мӯътақиданд, бояд дар ҳама ҷойи олам фарҳанги демукросӣ пиёда шавад, ҳатто ба зӯри аслиҳа (чунонки дар Ироқ ва Афғонистон ҳаминро мехостанд). Аммо касе мисли Дунолд Тромп мегӯяд, аз ин тарзи тафаккур бояд даст бадошт, аввал Омрико ва омрикоӣ аст, мани омрикоӣ чӣ коре дорам бо Ироқ ва чӣ коре дорам бо Афғонистон?!

Хуб, ин буд чанд мулоҳиза, ки ба ҳеч ваҷҳ ба унвони эътироз ба устоди азиз Муҳйиддин Кабирӣ талаққӣ нашавад. Ин фақат назари интиқодӣ аст. Вагарна оқои Кабирӣ назди банда аз эҳтироми фавқулъода бархӯдор аст ва ӯро устод хитоб мекунам, ҳарчанд хушоянди баъзеҳо нест.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаёт – амри маънавист – II
Андешаҳои устод

Матолиби пурбоздид