Дар ҳошияи суханони Тромп дар мавриди сарнавишти Ғазза
Байналмилал
Як тоҷир, ки ба ҳама чиз аз равзанаи доду ситад нигоҳ мекунад ва ҳатто ба ИНСОН, танҳо аз якчунин инсоне интизор меравад, ки бигӯяд: мо Ғаззаро мехарем ва мардумаш ниме ба Миср бикӯчанд ва ниме ҳам ба Ӯрдун ва мо мехоҳем он ҷоро ба як маркази тиҷорӣ масалан табдил диҳем. Якчунин инсоне наметавонад бифаҳмад ва асосан ба зеҳнаш ин чиз намегунҷад, ки ин мардум, ки муддати як солу ними ҷанги хонумонсоз ва вайронгар муқовимат карданд ва ҳозир нашуданд сарзамини худро тарк кунанд, оё бо ин суханон ва бо ин тарҳ, масалан Ғаззаро тарк хоҳанд кард ва ба Миср ва ё Ӯрдун хоҳанд рафт?!
Паноҳ мебарам ба Худо аз зеҳнияти доду ситадгар!
Сайидюнус Истаравшанӣ
Қаламонлайн